Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк

06.07.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар, қабл аз ҳама ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Тоҷикистон ба рушди пайвастаи муносибатҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамаи самтҳои барои ҳарду ҷониб судбахш манфиатдор аст».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки минбаъд дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико афзалият бештар ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дода шавад, аз ҷумла бо назардошти имкону захираҳои минтақавӣ бо фарогирии Афғонистону Покистон.

Роберт Блейк ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои муносиботи хуби шарикӣ бо Амрико, аз ҷумла дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин дар мусоидат ба барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки Амрико ҳам ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсия, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, зоҳир карда шуд.

Дар робита ба Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиёти он аз ҷумла таъкид гардид, ки мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ва муҳайё намудани ҷойҳои корӣ барои аҳолии деҳоташ ба хотири аз кишти растаниҳои нашадор дур намудани онҳо аз самтҳои асосии кори кишварҳо ва созмонҳои мададрасон бояд бошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520