Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси навтаъини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор

23.07.2012 13:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси навтаъини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор ва ҳамтои собиқи ӯ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хонум Флорро бо оғози иҷрои ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, ба ӯ барору комёбӣ хост ва ба собиқ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел барои фаъолияти пурсамараш арзи сипос кард.

Аз рушди мунтазам ва густариши рӯз ба рӯзи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба натиҷаҳои силсилаи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Парлумону Шӯрои Аврупо ва дигар мулоқоту музокироти мунтазам баҳои баланд дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷараёни татбиқи Созишномаи ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ ва Стратегияи Иттиҳод барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2007-2013 баҳои мусбӣ дода, изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ба таҳия ва қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар минтақа манфиатдор аст”.

Дар ин замина густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусии он, тиҷорат ва сармоягузорӣ, бахшҳои мухталифи саноат, гидроэнергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ ва дар таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон зарур шумурда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии байналмилалии Тоҷикистон ба бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Баррасии авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистони ҳамсоя ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

“Вобаста ба Афғонистон ҳадафи аслии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон таъмини сулҳу субот, амният ва истиқрори ҳаёти осоишта дар ин кишвар мебошад ва мо омодаем, ки баҳри расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкории созандаро бо шарикони байналмилалии худ идома диҳем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин робита татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия амри зарурӣ дониста шуд.

Гуфтугӯи созанда, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520