Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

07.10.2021 10:11, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  07.10.2021

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои навбунёди Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии мардум бунёд гардида, дар он шароити зарурии хизматрасонии тиббӣ муҳайё карда шудааст.

Қаблан Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” дар бинои собиқ ҷамоати деҳот фаъолият дошт ва бештар аз 35 нафар корманди соҳаи тандурустӣ ба аҳолӣ хизмат мерасониданд.

Зимни шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” бо харҷи 2 миллиону 278 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд гардида, атрофи иншооти ҷашнӣ сабзу хуррам ва ободу зебо гардонида шудааст. Бино аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, рентген, табобати дандон, таҳлилгоҳ, ултрасадо ва дар ошёнаи дуюм маъмурият, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, гузаронидани сӯзандорӯ ва ҳуҷраи хатна ҷой дода шудааст.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” ба маблағи 1 миллиону 179 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти зарурии тиббӣ ворид карда шуд, ки ин тасмим дар таъмини солимии ҷомеа ва осон шудани кори кормандони соҳаи тандурустӣ мусоидат мекунад.

Дар ҳудуди Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” нуқтаи ёрии таъҷилӣ иборат аз 5 ҳуҷра бо харҷи бештар аз 170 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуда, барои фаъолияти кормандон шароити зарурӣ фароҳам гардид. Дар деҳоти “Зарзамин”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров наздики 15 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбати самимӣ намуда, ба шахсони масъул супориш доданд, ки шароити хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии дигар деҳоти дурдаст низ беҳтар карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520