Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ дар шаҳри Хуҷанд

07.10.2021 18:30, шаҳри Хуҷанд
Иштирок дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ дар шаҳри Хуҷанд   07.10.2021

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд дар барномаи бошукуҳи идона ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони заҳматқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро ба муносибати сиюмин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таъкид доштанд, ки дар вилоят давоми се соли охир корҳои бузурги созандагӣ вусъат гирифта, дар ин давра зиёда аз 8000 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Бинобар ин, Президенти мамлакат ба кулли мардуми ободкори вилоят, аз ҷумла ба соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша барои иқдомоти хайрхоҳона ба хотири ободии Ватан миннатдорӣ баён карданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 48 миллиард сомонӣ равона кардааст.

Дар вилоят 56 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағҳои дар доираи онҳо то ба имрӯз азхудшуда 2,3 миллиард сомониро ташкил медиҳанд. Дар зарфи 15 соли охир ба вилоят ба маблағи 24 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки зиёда аз 15 миллиард сомонии он сармоягузории мустақим мебошад. Инчунин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят барои солҳои 2016 - 2020-ум 192 лоиҳа ба маблағи умумии 7,8 миллиард сомонӣ иҷро шуда, дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 - 2025 татбиқи боз 243 лоиҳа ба маблағи 11 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Хароҷоти буҷети давлатӣ барои соҳаҳои гуногуни вилоят низ сол ба сол афзуда, аз 37 миллион сомонии соли 2001 ба 2,3 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расидааст, ки беш аз 65 баробар зиёд мебошад. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 73 фоизи соли 1999 то ба 15,4 фоиз дар соли 2020 паст шудааст, ки дастоварди хеле назаррас мебошад.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшҳои муҳими иқтисоди миллии вилоятро пурра таҳлил намуданд. Таъкид гардид, ки соҳаи саноати вилоят яке аз қисмҳои муҳимми саноати кишвар буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахшҳои мухталифи он иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ ташаккул ёфтаанд. Дар натиҷаи истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят аз 1,5 миллиард сомонии соли 1995 то ба 15,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар ба 51 фоиз расидааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд соҳаи кишоварзӣ низ бомаром тараққӣ карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 2,3 баробар афзудааст ва соли 2020 ба 12 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.

Вобаста ба иқтидорҳои истифоданашудаи соҳаҳои саноат ва ҳам кишоварзӣ роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои саноативу кишоварзӣ вазифдор гардиданд, ки тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд, то саҳми вилоят дар таъмини ду ҳадафи стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат боз ҳам бештар гардад.

Дар зарфи сӣ соли охир дар соҳаи роҳу нақлиёти вилояти Суғд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 5,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 450 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 71 пул ва 2 нақби мошингузар сохта, ба истифода дода шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар вилояти Суғд 780 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 370 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Танҳо соли ҷорӣ ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоят бунёди боз 52 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ барои беш аз 27 ҳазор хонанда ба нақша гирифта шуд.

Дар тӯли даврони истиқлол соҳаи тандурустии вилоят, ки яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат мебошад, хеле рушд ёфтааст. Дар ин давра 316 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 17 беморхона ва марказҳои тиббӣ, 39 шуъбаи табобатӣ, 91 маркази саломатӣ, 149 бунгоҳи саломатӣ ва 20 иншооти дигар сохта, ба истифода супорида шудааст. Танҳо дар 8 соли охир барои муассисаҳои тандурустии вилоят ба маблағи 130 миллион сомонӣ таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардидааст.

 

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешравиҳои вилояти Суғд дар зарфи сӣ соли охир изҳори қаноатмандӣ намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони сарбаланди вилоят ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу суботи комили Тоҷикистони маҳбубамон чун ҳарвақта аҳлона заҳмат кашида, саҳми арзишманди худро ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукуҳи фарҳангӣ баргузор шуд, ки тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, рушду пешрафти вилояти Суғд ва талошҳову тадбирҳои Пешвои муаззами миллат баҳри таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520