Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Сечин ва Вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюков

03.07.2009 19:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Сечин ва Вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюковро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили омодагӣ ба сафари пешомади кории Перзиденти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва ҳарбӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили анҷоми пурра ва босифати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва дар ҳузури сарони ду давлат ба истифода супурдани он зоҳир гардид.

Масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла омодасозии кадрҳои низомии Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои иҷтимоӣ - сиёсӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520