Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири молияи Туркманистон Давлаткелди Содиков

25.07.2012 21:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Туркманистон, Вазири молияи Туркманистон Давлаткелди Содиковро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон ва ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон, ки дар соли 2011 ҳамагӣ ба 194 миллион доллари амрикоӣ баробар будааст, ба имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкорӣ ҷавобгӯ нест.

Аз ин хотир изҳори боварӣ карда шуд, ки кори комиссияи муштарак ва сафари расмии қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшанд.

Интизор меравад, ки зимни ин сафар дар Туркманистон мииёни ду кишвар як зумра санадҳои нави муҳим доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо мерасанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва мусоидат ба бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистони ҳамсоя гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520