Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф дар ноҳияи Данғара

21.10.2021 15:25, ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф дар ноҳияи Данғара  21.10.2021

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.  

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу намои муосир ва санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардидааст.

Бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф дорои 11 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ буда, дар он китобхона ва толори маҷлис бо 70 ҷои нишаст  мавҷуд мебошад.

Китобхона бо зиёда аз 2 ҳазор китоби бадеиву соҳавӣ таъмин буда, дар он барои ҳаводорони каломи бадеъ имконияти васеъ муҳайё мебошад.

Дар ҳуҷраҳои корӣ шароити мусоиди фаъолият барои кормандон фароҳам буда, бо техникаи муосири компютерӣ таъмин карда шудааст.  

Сохтмони бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф соли 2020 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо саҳми соҳибкор Саидакбар Султонзода бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамгардида дар бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф баҳои баланд доданд.

Саҳн ва атрофи бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф бо шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои нодири ороишӣ, навсозии роҳравҳо ва насби 20 сутунпояи чароғ ободу зебо гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520