Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар ноҳияи Данғара

21.10.2021 16:22, ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар ноҳияи Данғара   21.10.2021

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти соҳаи маориф аз 9 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбини шудааст.

Дар бинои қаблии муассиса аз сабаби фарсуда будани он барои ба таълим фаро гирифтани наврасон шароити таҳсил ба талабот ҷавобгу набуд.

Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорон бо назардошти фароҳам овардани шароити замонавии таълим барои наврасон сохта шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз шароити фароҳамшуда омӯзгоронро барои дар руҳияи хештаншиносӣ ва омӯзиши донишҳои муосир тарбия намудани наврасон вазифадор карданд.

Дар маҷмуъ дар иншооти соҳаи маориф 288 нафар дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Бунёду ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар доираи амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини пешрафти соҳаи муориф ва дар ҳамин замина фароҳам овардани шароити муосир барои омӯзиш сохта шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520