Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Раиси умумии амнияти миллии Афғонистон Раҳматулло Набил

26.07.2012 17:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Раиси умумии амнияти миллии Афғонистон Раҳматулло Набилро, ки бо як ҳайати бонуфузи роҳбарияти сохторҳои қудратии кишварашон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла ҳифзи муштараки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, пешгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ ва қочоқи яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд, ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади ду кишвар дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон, аз ҷумла қитъаҳои наздик ба шаҳри Хоруғи Тоҷикистон зоҳир гардид.

Роҳбарони мақомоти амниятию низомии Афғонистон бо итминон изҳор доштанд, ки барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади муштарак аз ҷониби кишвари худ ва ҷилавгирӣ аз сарҳадшикании гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён ва қочоқбарон чораҳои фаврию муассир меандешанд. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки як гурӯҳ ҷангиёну қочоқбарони афғон, ки бо ҷинояткорони муқими Хоруғ ҳамкорӣ доштанд, дар хоки Афғонистон аллакай дастгир шудаанд ва ҳамгироии сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ду ҷониби марз босамар идома дорад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520