Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи коргоҳи мебелсозии ҶДММ “Акобир” дар шаҳри Бохтар

27.10.2021 09:50, шаҳри Бохтар
Ифтитоҳи коргоҳи мебелсозии ҶДММ “Акобир” дар шаҳри Бохтар  27.10.2021

27 октябр дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акобир”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуралӣ Бекназаров бо харҷи қариб 3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо асосан номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона ва маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар маҷмуъ иқтидори солонаи коргоҳ коркарди зиёда аз 15 ҳазор тахтаи махсус, ба монанди ДСП, МДФ, ДВП ва истеҳсоли 600 маҷмӯи мебели гуногуни мулоим буда, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла Туркия, Италия ва Чин ворид карда шудааст.

Раванди истеҳсоли мебел, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи саноат мураккабтарин кор дониста мешавад, дар асоси дархости ташкилоту муассиссаҳо ва аҳолӣ пурра дар дохили корхона сурат мегирад.

Ашёи хом, ба монанди чубу тахта, фурнитура ва дигар қисмҳои металӣ, ки барои истеҳсоли мебел зарур аст, аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад.

Аз руи иттилоъи роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акобир” тамоми намуди мебел, ки дар ин ҷо истеҳсол карда мешаванд, аз лиҳози тарҳ ва сифат ҷавогӯи стандартҳои замони имрӯз буда, дар бозори Тоҷикистон харидорони бештар доранд.

Дар саҳни ҳавлии коргоҳи нав маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520