Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ шаҳри Хуҷанд

27.06.2009 22:00, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо дар ин варзишгоҳи навбунёди шаҳри Хуҷанди бостонӣ, ки аввалин қадамҳо ба сӯи ташкили рукнҳои давлати мустақили Тоҷикистон, истиқрори сулҳ ва пайрезии ваҳдати миллӣ маҳз дар ҳамин ҷо гузошта шуда буданд, ба хотири таҷлили дувоздаҳумин солгарди яке аз ҷашнҳои бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол - Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷамъ омадаем.

Сараввал кулли мардуми кишвар ва тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин шумо - ҳозирини гиромиро ба муносибати ин санаи фархунда, ки барои ҳамаи мо ҳамчун иди умумихалқӣ азизу муқаддас аст, самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин майдони пуршукӯҳи варзишро барои сокинони шаҳри Хуҷанд ва мардуми вилоят муборакбод гуфта, ба ҳамаи сохтмончиён ва масъулони бунёди ин иншооти муҳими иҷтимоӣ миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳоло дар ин майдони мӯҳташам, ки сохтмонаш ду сол пеш дар арафаи 10-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ оғоз гардида, бо сарфи беш аз 33 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ба анҷом расонида шуд, ба ҳам омадани намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон худ шаҳодати гӯёву равшани ваҳдати устувори миллии мо мебошад.

Бигзор, ин иншооти бузурги варзишу фароғатӣ ҳамеша макони тантанаҳои мардумӣ, ҷашну мусобиқаҳои милливу байналмилалӣ ва маркази обутоби ҷавонони мо бошад!

Дувоздаҳ сол муқаддам, яъне рӯзи 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлолияти кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард.

Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки хотима бахшидан ба мухолифати мусаллаҳона, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази хисороти зиёди ҷониву молӣ ва дигар маҳрумияту мушкилоти сангин муяссар гардида, дар ин раванд ҳадафи шуми дар ниҳояти кор аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон барбод рафт.

Даъвати нахустини мо ба хотири таъмини сулҳ ва оғози музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб садо дода буд, ки ҷангу зӯроварӣ ва муборизаи мусаллаҳонаро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа усулан маҳкум намуда, ба тарафҳои мухолиф роҳи осоиштаи ҳалли низои сиёсиро пешниҳод карда будем.

Дар он рӯзҳо ва минбаъд низ ин пешниҳод намунаи нодири таҷрибаи сулҳофарӣ ба шумор мерафт, ки бо роҳи задухӯрдҳои мусаллаҳона ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳал намудани ихтилофоти сиёсиро маҳкум намуда, фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ниҳоят ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ расидани ҷонибҳои мухолифро талқин мекард.

Ин ташаббуси нахустини сулҳофарӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд барои мо чун қутбнамои оянда хизмат карда, роҳи минбаъдаи моро ба сӯи ваҳдати миллат кушод.

Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф созем, арзишҳои бузурги умумимиллӣ - соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватани азизамонро аз манфиату ғаразҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузорем, тадриҷан пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти кишварамонро таъмин намоем.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ намуданд.

Маҳз гароиши азалии миллати тоҷик ба сулҳу салоҳ ва муросову мадоро буд, ки мо аз кӯшишҳои бо роҳи зӯрӣ ҳал намудани мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ даст кашида, музокироту созишро чун роҳи ягонаи расидан ба сулҳ ва наҷоти миллӣ пазируфтем.

Дар ҷараёни музокироти қариб чорсола мо хуб дарк намудем, ки ҷанги бародаркуш ғолибу мағлуб надорад ва идомаи он ба парокандагии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлату давлатдории он боис мегардад.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва бӯҳрони миллӣ эътироф гардидани таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон далели возеҳи ин матлаб мебошад, ки эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ афзуд.

Ба қавли собиқ Муншии Умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд.

Татбиқи давра ба давраи раванди сулҳ ва таҳкими фазои боварӣ ба ҳамдигар ҷонибҳоро мутмаин сохт, ки роҳи ягонаи ҳалли ихтилоф маҳз гузашту ризоияти тарафайн, даст кашидан аз мухолифати мусаллаҳона ва хунрезӣ, барқарор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва рӯ овардан ба нақшаву ҳадафҳои неки созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Таърихи тӯлонӣ ва пурҳаводиси миллати мо гувоҳӣ медиҳад, ки таҳкими ваҳдат ва ягонагии мардум дар ҳама давру замон боиси рушди давлатдорӣ, илму маънавиёт ва зуҳури шахсиятҳои донишманду фарзона гардидааст.

Мехоҳам хотирнишон созам, ки шукӯҳи давлати ниёгони хирадманди мо - Сомониён маҳз аз баракати пойдории сулҳу субот, ваҳдати мардум ва якпорчагии марзу буми кишвар афзуда буд. Ҳангоме ки низову ихтилофот ва ҷудоиву парокандагӣ дар миёни мардум ва аркони давлатӣ падид омад ва қудратталабиву тундравиҳои нерӯҳои алоҳида афзоиш ёфт, давлати қудратманди Сомониён бар асари онҳо гирифтори нотавониву шикаст гардид.

Ин сабақи бузурги таърих аст, ки онро ҳар як фарди бонангу номуси миллат бояд ҳаргиз фаромӯш насозад. Зеро маҳз мухолифату муноқишаи миёни бародарон ва фарзандони як миллат давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷиконро ҳанӯз 1100 сол пеш аз байн бурда, марзу буми аҷдодиашонро гирифтори тохтутоз ва қудратёбии душманони дохилӣ ва хориҷӣ карда буд.

Чунин сабақҳои талхи таърих моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки ба ғояҳои ваҳдат ва ҳамбастагии миллӣ, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккулу такомул ёфта, ҷанбаи андешаи миллӣ ва фарҳанги давлату давлатдории мутамаддинро фароҳам овардаанд, эътибори хоса диҳем.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон азму талошҳои худро ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва ягонагии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро дар фазои пойдори сулҳу субот таъмин намоем. Нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ ва ҷудоиандозӣ ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон роҳ ёбанд.

Мову шумо бояд дар раванди давлатсозиву давлатдории навини худ рӯ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ оварда, ҷавҳари андешаи миллиро бо дарки амиқи мафҳумҳои тақдирсози истиқлолияту озодӣ, тамомияти арзӣ ва Ватани ягона, посдории рамзҳои давлатдорӣ ва ифтихор аз миллати фарҳангсолору тамаддунсоз ғанитар гардонем ва онро тақвият бахшем.

Андешаи миллӣ чун ҷавҳари маънавию ахлоқии ҷомеа омилҳои истиқлолхоҳию озодманишии мардуми тоҷикро барои ягонагиву ваҳдат ва якпорчагии мамлакат фаро гирифта, унсурҳои худогоҳиву худшиносии ҳар фарди бедордилро густариш мебахшад.

Ба ибораи дигар, андешаи миллӣ ифодагари ҷавҳари хастии миллат мебошад.

Аслу бунёди андешаи миллӣ аз пуштибонии марзу буми кишвар ва меҳру садоқат ба Ватани аҷдодӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, таҳкими низоми давлату давлатдории мустақилона, кору фаъолияти созандаву бунёдкорона ва расидан ба сатҳи зиндагии шоиставу рӯзгори осуда ибтидо мегирад.

Ҳамзамон бо ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки дарки моҳияти истиқлолият ва қадру манзалати давлатдории миллӣ, ки омилҳои муҳими ҳастии миллат ва бақои давлатдорӣ мебошад, барои ҳар фарди огоҳу бедордили кишвар рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи муқаддаси фарзандист.

Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки дар натиҷаи талошҳои ҳазорсола ба миллати куҳанбунёди мо насиб гаштааст.

Дар дунё миллату халқиятҳое ҳастанд, ки аз рӯи шумораи аҳолӣ ва қаламрави ҷуғрофиашон дар муқоиса бо миллати мо хеле афзалият доранд, вале садсолаҳо дар орзуи давлатдории мустақилона мебошанд. Аз ин хотир мову шумо бояд ба қадри соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллӣ расем ва онро азизу муқаддас донем.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳам тавъам мебошанд ва чун қутбнамо моро ба сӯи оянда ҳидоят менамоянд. Агар ваҳдати миллӣ ба таҳкими пояҳои истиқлолият мусоидат кунад, пас истиқлолияти давлатиро бе ваҳдати миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Омили дигаре, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад, арҷ гузоштан ба забони модарӣ мебошад.

Зеро лаҳни шево ва забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ рисолати забон ба ҳайси забони давлатӣ омили муҳими ваҳдат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ гардидааст.

Мову шумо хуб медонем, ки ояндаи ободи Ватани азизамон аз сатҳи забондонӣ, тафаккури солиму пешрафта, маърифати баланди ҳар фарди ҷомеа, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии наслҳои имрӯзу оянда, инчунин фарогирӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илми муосир, техника ва технологияҳои замонавӣ вобастагии зиёд дорад.

Чунки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушди илмҳои дақиқ, ташаккули тафаккури техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир аҳамияти хоса дода, онҳоро заминаи муҳими рушди иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа мешуморанд.

Гузашта аз ин, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ омилҳои таҳкимбахши ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди мардуми кишвар мебошанд.

Халқе, ки дорои хотираи қавии таърихист ва аз шебу фарози роҳи паймудаи ниёгони хеш дар масири асрҳо огоҳии комил дорад, бо эъмори давлати нерӯманди миллӣ метавонад дар миёни кишварҳои мутамаддини олам мақоми шоиста пайдо намояд.

Вале фаромӯш набояд кард, ки худогоҳиву худшиносӣ танҳо ифтихор аз дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии миллати хеш нест, балки пойгоҳи устувори маънавиест, ки фарзандони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳо ва созандагиву бунёдкориҳо ҳидоят месозад.

Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯи асолат ва ҳувияти миллӣ роҳнамоӣ карда, роҳи душвори давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро бароямон осонтар мегардонад.

Ба ҳамин хотир, мо дар тӯли солҳои истиқлолият ба омӯзиши амиқ ва таҳқиқу таблиғи таърихи пурифтихори миллатамон рӯ овардем. Ин кор барои мо натанҳо ифтихор аст, балки мактаби фарогирии таҷрибаи таърихӣ ва дарки маърифати давлатдории ниёгон барои имрӯзу фардои миллатамон мебошад.

Раванди пурвусъати худшиносӣ барои дарки арзишҳои фарҳанги миллӣ ва диниамон заминаи мусоид фароҳам оварда, ваҳдату сарҷамъии моро густариши бештар мебахшад.

Аз ин ҷост, ки мо соли 2009-ро Соли бузургдошти поягузори мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафия, яъне Имоми Аъзам эълон кардем, то ки аз ҷанбаҳои таълимоти мазҳабӣ ва ақоиди фиқҳии ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик барои тарғиби сулҳу дӯстӣ, ҳусни муомилаву муошират, эҳтироми расму оин ва дину мазҳабҳои дигар васеъ истифода намоем.

Худи Имоми Аъзам пайравонашро аз кашмакашу низоъҳои мафкуравӣ нигоҳ дошта, ихтилофу парокандагӣ ва таассубу тундравиро дар ҷомеаи мусулмонон намепазируфт.

Таълимоти башардӯстонаи ин шахсияти бузург мардумро ба пуштибонии сулҳу ваҳдат, эҷоди низоми одилонаву оқилонаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиву мазҳабӣ, аз ҷумла гуфтугӯи мусолиматомези тамаддунҳо ҳидоят менамояд.

Беҳуда нест, ки Имоми Аъзам дар номаи пандомези худ ба яке аз шогирдонаш Холид ибни Юсуфи Басрӣ таъкид кардааст, ки «Ҳамеша мадоро ва сабру таҳаммулро пеша намо, аз амали бад бипарҳез ва бо пайравони адёни дигар рафтори муносиб дошта бош!»

Мо - тоҷикон, ки ворисони ин шахсияти барҷастаи таърихӣ ҳастем, бояд дар пазируфтани даъват ва ҳидоятҳои пешвои бузурги мазҳабамон намунаи ибрати дигарон бошем.

Дӯстони азиз!

Замони мо - замони таҳаввулоти бузурги илму техника, замони ҳамкориву ҳамгироии кишварҳову минтақаҳо, замони кӯшишҳои муштарак дар ҳаллу фасли мушкилоти ҳаётан муҳими башарият ва дар баробари ин, замони рақобатҳои шадиди иқтисодиву талошҳо барои соҳиб шудан ба захираҳои табиӣ ва бозорҳои бузурги ҷаҳонӣ мебошад.

Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ имрӯз баробари истиқбол аз андешаҳои пешқадам ва таҷрибаҳои судманди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳи фароҳам овардани фазои эътимод, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо ҷаҳони муосир пеш меравад.

Чунонки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар изҳор дошта будам, дар ин самт мо ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ аҳамият ва афзалияти бештар медиҳем.

Агар тибқи зарбулмасали маъруфи тоҷикӣ - «ҳамсояи наздик аз хешованди дур беҳтар аст», амал намоем, Худованд фармудааст, ки бо ҳамсоягони худ равобити ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамкории босамар, муносибатҳои дӯстиву рафоқат дошта бошем.

Ва ин усул ҳоло як рукни мустаҳкам ва тағйирнопазири сиёсати хориҷии мост. Агар имрӯз бо хамсоягони худ сари масъалае мубоҳисаву музокироте дошта бошем ҳам, лекин мо ҳамеша хоҳони самимияти ин муносибот, ҷонибдори муомилаву муоширати дӯстона ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамаи тарафҳо ҳастем.

Аҷдодони шарофатманди мо осоиши ду гетиро дар фарҳанги волои муросову мадоро дидаанд ва ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки мо ворисони сарбаланди онҳо ҳастем ва ҳамеша пайрави роҳи ростиву дӯстӣ ва равобити неку ҳасана бо тамоми ҳамсояҳои худ дар минтақа мебошем.

Имрӯз фазои сулҳу субот ба татбиқи сиёсати иқтисодии ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва ҳадафҳои стратегии мо - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мусоидат карда истодааст.

Бахусус, ҳадафи стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат моро водор намуд, ки ба таҷдиду сохтмони як силсила шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва нақбу пулҳо шурӯъ намоем.

Шумо хуб медонед, ки дар доираи азнавсозии ин роҳҳо, бахусус роҳи мошингарди 354 – километраи байналмилалии Душанбе – Бӯстон - Чанак ва нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон барои робитаи доимии нақлиётии пойтахти кишварамон бо вилояти Суғд дар чор фасли сол шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар айни ҳол, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки тавассути иншооти зикршудаи коммуникатсионӣ ба ҳам пайваст гардидани тамоми минтақаҳои кишвар имрӯз Тоҷикистони мо ба як қаламрави воҳид табдил ёфт, ки ин амр бешакку шубҳа ба мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстона ва ваҳдати мардум мусоидат менамояд.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо сохтмони нақбу пулҳо ва роҳҳои мошингардро ҳадафи афзалиятноки давлат қарор додаем.

Ҳадафи дигари стратегии давлати мо дар марҳалаи муосир ин расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, ҷаҳду талоши пайгиронаи мо ба бунёди чандин нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва хатҳои баландшиддати интиқоли он равона шудааст.

Бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурду бузург, инчунин хатти баландшиддати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», ки моҳҳои наздик ба истифода супорида хоҳад шуд, намунаи азми қавии мо дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Дар айни ҳол мушкилоти энергетикӣ моро водор месозад, ки истифодаи оқилонаву сарфакоронаи иқтидорҳои мавҷударо ба роҳ монем, аз ҷумла, доир ба истифодаи технологияи каммасрафи энергия, пеш аз ҳама лампаҳои каммасраф ва пешгирии талафоти нерӯи барқ, гази табиӣ ва обу гармӣ чораҷӯӣ намоем.

Дар шароити бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва болоравии нархҳои молу маҳсулот дар бозорҳои дунё, ки вақтҳои охир идома дорад, таъмини ҳадафи дигари стратегии мо - ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти даҳчанд пайдо кардааст.

Мо ҳоло бо мақсади афзоиши истеҳсоли маҳсулоти худӣ, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаем.

Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки кишоварзони вилояти Суғд бо маданияти баланди заминдорӣ, истифодаи оқилонаи замин, таҷрибаи бузурги пахтакориву чорводорӣ ва боғдории худ шӯҳрат доранд.

Эътимоди комил дорам, ки онҳо бо дарназардошти шароити давру замон аз таҷрибаи худ минбаъд низ оқилонаву васеъ истифода карда, дар афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии озуқавории худӣ дар бозорҳои кишвар ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакат чун ҳамеша саҳми муносиб мегузоранд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳалаи тозаеро оғоз намуда, ба эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вусъати тоза бахшид.

Яке аз дастовардҳои назарраси сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар рушди бемайлони соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва тақвият ёфтани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Шумо хуб дар ёд доред, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ мактабу муассисаҳои зиёди таълимӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ харобу валангор шуда, сатҳи таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ниҳоят паст рафта буд.

Вале боз ҳам аз баракати сулҳу оромӣ мо тавонистем, ки дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти муназзами муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро дар саросари мамлакат ба роҳ монем.

Ва имрӯз чунонки ҳамаи мо шоҳид ҳастем, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва фарҳангии мамлакат кӯшиш доранд, ки ба меъёрҳои пешрафтаи таълим ва кору хизматрасонӣ ноил шаванд.

Мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми маблағгузорӣ ба кулли соҳаҳои иҷтимоиёт – илм, маориф, тандурустӣ фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз таваҷҷӯҳи хосаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушду такомули ин соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи мо шаҳодат медиҳад.

Вале набояд фаромӯш кард, ки имрӯз Тоҷикистон низ чун аксари кишварҳои олам таҳти таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ қарор гирифтааст.

Аз ин хотир, мо нақшаи тадбирҳои зарурии зиддибӯҳрониро таҳия намуда, онро амалӣ карда истодаем ва бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо давлат ба сиёсати иҷтимоии худ афзалият дода, ҳамаи ӯҳдадориҳояшро дар назди шаҳрвандон ба сомон мерасонад.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик, ки рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтарро паси сар кардаанд, бо дарки масъулияти ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандӣ барои рафъи оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ ва таъмини рӯзгори хеш бо меҳнати созанда ва ташаббусҳои меҳанпарастонаашон татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукуматро минбаъд низ дастгирӣ хоҳанд кард.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояшон Ватан ва обу хоки аҷдодӣ қадру манзалат дорад, пеш аз ҳама бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намоянд. Зеро ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот яке аз муҳимтарин дастовардҳои мардуми шарифи кишвар дар даврони истиқлол буда, барои ҳар яки мо то абад азизу муқаддас аст.

Мову шумо ба қудрати созандагии хеш, пояндагии ваҳдати миллат, пойдории истиқлолият ва ояндаи ободи Ватани азизамон эътимоду боварӣ дорем.

Бигзор мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, фазои осудаи мамлакат ва пойдории истиқлолияти Ватан, бо меҳнати бунёдкоронаи хеш кохи бегазанди ваҳдати миллиро обод нигоҳ дошта, ба сӯи фардои дурахшон ободу осуда қадамҳои устувор гузоранд!

Бигзор осмони соф, сулҳу суботи поянда, дастовардҳои ваҳдати миллӣ, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши рӯзгори осудаҳолонаи мардуми кишвари мо бошанд!

Эътимоди комил дорам, ки аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мову шумо пояҳои давлату давлатдории мустақилонаро мустаҳкам карда, обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи арзанда мерасонем ва дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мақоми шоистаи худро пайдо мекунем.

Ва ба хотири ин, ки истиқлолияти давлатии кишварамон барои мо неъмати бисёр азизу гаронбаҳо буда, омодагӣ ба таҷлили бистумин солгарди он оғоз шудааст, дар ин лаҳзаҳои ниҳоят фараҳбахш ин варзишгоҳи зебову мӯҳташамро аввалин иншооти ба номи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон эълон менамоям.

Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвари азизамон ободиву осоиш, хушбахтиву некрӯзӣ ва саодату сарбаландӣ мехоҳам.

Биёед, ҳамаамон ба даргоҳи Худованди мутаол дуо кунем, ки халқу давлат ва Ватани моро дар паноҳи худ нигоҳ дорад, ваҳдати миллатамонро ҷовидона гардонад ва барои пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азизамон кушоишу барори кор диҳад.

Идатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520