Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода додани чойхонаи миллӣ дар боғи Ваҳдат ноҳияи Б.Ғафуров

26.06.2009 20:10, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Имрӯз мову шумо шоҳиди боз як рӯйдоди фараҳбахшу хотирмони марҳалаи созандагӣ ва бунёдкорӣ дар Ватани азизамон - маросими ба истифода супоридани чойхонаи бошукӯҳи миллӣ дар боғи навбунёди Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, яъне боз як самараи неки ваҳдату сарҷамъии миллатамон мебошем.

Дар арафаи иди бузурги умумихалқии Ваҳдати миллӣ ба анҷом расидани корҳои сохтмону ободсозии ин иншооти мӯҳташами фарҳангиву фароғатиро ба ҳамаи шумо иштирокчиёни ин маҳфили бошукӯҳ табрик гуфта, ба меъморону муҳандисон, коргарону сохтмончиён ва наққошону ҳунармандони чирадаст барои заҳмати ҳалол ва саҳмашон ба хотири ободии Ватани азизамон изхори сипос менамоям.

Мову шумо дар арафаи Наврӯзи соли 2008 ниҳолҳои нахустини ин боғро шинонида, онро Боғи Ваҳдати миллӣ номида будем ва азми хайру нияти нек карда будем, ки дар майдони зиёда аз 500 гектар замин бо иштироки намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо ҳазор бех навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва гулу гулбуттаҳои сарсабзу роҳатафзо парвариш карда, дар ин минтақа намунаи нодири боғи миллии Тоҷикистонро бунёд намоем.

Ба ин иқдоми неки мову шумо агар аз як тараф мавзеи мусоид ва хушбоду ҳавои ноҳия, ки номи фарзанди барӯманди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро дорад, мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар, дар шаҳри бостонии Хуҷанд гузошта шудани нахустин хиштҳои бинои сулҳ ва тарҳи аввалини сиёсати сулҳофариву ваҳдатгароии давлати соҳибистиқлоли мо ба хотири таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳидоятгар ва илҳомбахши мо гардид.

Сад шукри истиқлолият ва хиради азалии мардуми фарҳангсозу сулҳдӯсти тоҷик, ки дар он айёми пурфоҷиа барқасди ҳадафҳои шуми душманони дохиливу хориҷии миллат ақли солим ба хотири аз парокандагӣ наҷот додани миллат, шикасти давлатдорӣ ва пора шудани марзу буми ягонаи кишвар пирӯз гардид ва мо маҳз бо дастгириву пуштибонии мардуми дурандеш, фарҳангсолор ва сарбаланди тоҷик сиёсати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро қутбнамои роҳи ояндаи давлатсозиву давлатдории худ қарор додем.

Ва маҳз аз баракати даврони орому осуда, сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ мову шумо тавонистем, ки дар давоми солҳои охир садҳо лоиҳаи хурду бузурги созандагӣ ва як силсила ҳадафҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати бунёдкориро амалӣ карда, дар ҳамаи самтҳои зиндагии ҷомеа ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, коммуникатсяи ва бахшҳои истеҳсоливу озуқаворӣ хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонем.

Бунёди боғи Ваҳдати миллӣ ва ин чойхонаи мӯҳташам низ, ки мову шумо ҳоло дар гирди мизҳои аз маҳсули ҳамин боғ оростаи он ҳузур дорем, аз баракати пойдории сулҳу субот, фазои орому осуда, ҳамдигарфаҳмиву ҳамраъйӣ ва ваҳдати миллии мардуми фарҳангиву ободгарамон муяссар гаштааст.

Ногуфта намонад, ки бунёди боғу чорбоғҳо ва чойхонаҳои миллӣ аз замонҳои хеле қадим як рукни хосаи фарҳанги аҷдодии мо буда, дар санъати меъморӣ ва шаҳрсозии ниёгонамон мақоми хоса дорад.

Ҳанӯз сайёҳ ва воқеанигори машҳури итолиёӣ Марко Поло аз мавҷудияти боғҳои сарсабзу хиёбонҳои сердарахт ва корвонсарою бошишгоҳҳои хушбоду ҳаво дар шаҳрҳои аҷдодии мо маълумот дода, зикр кардааст, ки ҳадаф аз бунёди онҳо зебою ботароват ва сабзу хуррам нигоҳ доштани чорсӯву маҳалҳо ва шаҳрҳои серодам аст.

Гузашта аз ин, чойхона таърихан таҷассумгари симои миллӣ ва услуби хосаи меъмории миллати тоҷик буда, дар тарҳрезиву бунёди он нозукиҳои санъати наққошиву кандакорӣ, рассомиву ородиҳӣ, гаҷбуриву гулпартоӣ ва чӯбтарошиву дуредгарии гузаштаву имрӯзаи ҳунармандони мо муҷассам мегарданд.

Аз ин хотир, дар яке аз ҷойҳои муносиби боғи навбунёди Ваҳдат ин чойхонаи бузургу назаррабо сохта шуд, ки ҳадаф аз он фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳативу фароғатӣ барои мардум ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ мебошад.

Зеро чойхонаҳои миллии мо аз қадим рисолати хоса дошта, макони ваҳдату сарҷамъии одамон, маҳалли паёму хабарҳои тоза, маркази маърифату таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машварат ва маҳфили шоирону ровиён ва ҳофизону ҳунармандон ба шумор меравад.

Вобаста ба ин, мову шумо ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки пайрави яке аз мазҳабҳои мӯътадилтарини ислом - ҳанафия мебошем. Мазҳаби мо мусулмононро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароиву дурӣ аз хушунат, пуштибонии оромиву амнияти ҷомеа ва рифоҳу осоиши мардум даъват мекунад.

Аз ин лиҳоз, бо итминони комил изҳор менамоям, ки чойхонаи навбунёди имрӯза макони ваҳдату сарҷамъӣ, ҷои фароғату истироҳат, мавзеи тамошову гаштугузор ва маҳфилгоҳи маърифату ҳунари мардуми вилоят ва кишвар хоҳад гардид.

Ба шукронаи ин рӯзҳои орому осуда ҳамаи шуморо бори дигар табрик гуфта, ба даргоҳи Худованди карим дуо мекунем, ки дар хонадони ҳар фарди тоҷик хайру баракатро афзун гардонида, зиндагии пурфайзу осудаҳолона ва оромиву осоиш ато намояд ва дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот, оромиву амният, иттиҳоду ҳамрайъӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор бошад.

Бигзор, дарахтони наврустаи боғи Ваҳдат даҳсолаҳо ҳосили фаровон оранд ва чойхонаи миллӣ пойгоҳи худшиносиву ифтихори миллӣ, меҳроби ватандӯстиву ватанпарастӣ ва макони истироҳату фароғати доимии шумо гардад!

Саломату сарбаланд ва хонаобод бошед!

Ташаккур !

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520