Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

02.11.2021 18:35, шаҳри Душанбе
Машварати корӣ  02.11.2021

2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омодабошӣ барои зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ, дастуру супоришҳо доданд.

Ҳамчунин доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вобаста ба авзои ҷомеа, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобӣ ба таври кофӣ захира кардан ва истифодаи сарфакоронаи маводи хӯрокворӣ ва худдорӣ намудани аҳолӣ аз маъракаҳои серхароҷот, супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520