Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Спитамен

25.06.2009 14:00, ноҳияи Спитамен

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти мо бо Шумо сокинони заҳматқарини ноҳияи Спитамен дар арафаи иди барои мардуми мо азизу муқаддас - Рӯзи ваҳдати миллӣ барпо мегардад.

Дувоздаҳ сол муқаддам - 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид, ки ин санади тақдирсоз на танҳо ба ихтилофҳои дохилӣ хотима гузошт, балки барои эҳсоси олии бародариву ҳамдилӣ, дӯстиву ҳамрайъӣ, рафоқату муҳаббати сокинони ин марзи куҳанбунёд роҳи тозаеро боз кард.

Пас аз даргириҳои бемақсуди дохилӣ мардуми мо ба хотири бақои миллат, пойдории давлат, шукуфоӣ ва рушди кишвар ин санади бахтоварро ба тасвиб расонида, ба ҷаҳониён бори дигар халқи бохирад, фарҳангсолор ва соҳибтаърих будани хешро ба рағми душманони дохиливу хориҷӣ собит намуд.

Имрӯз дар ниҳоди ҳар як фарзанди бонангу номус ва худогоҳи миллат оташи меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватани азизамон шӯъла зада, мову шуморо ба ҷабҳаи кору пайкорҳои созандагӣ ва ояндаи неки Тоҷикистони азизамон ҳидоят менамояд.

Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ ифодагари пирӯзии ақли солим, фитрати олии башардӯстонаи халқ ва тантанаи адолати таърихӣ мебошад.

Ваҳдату ҳамрайъӣ ва дӯстиву бародарии поянда ҳамчун неъмати бебаҳои тақдир, дастоварди бемисли мардуми шарафманду бонангу номуси тоҷик ва дигар миллатҳои сокини ин кишвар аст, ки аз озмоиши таърих ва имтиҳони ватану ватандорӣ бори дигар гузаштанд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи шуморо ба ифтихори ин иди бузурги умумихалқии ваҳдату дӯстӣ ва иттиҳоду ҳамрайъӣ табрику муборакбод месозам ва бароятон саломатӣ, бахту саодат ва рӯзгори ободу пурнишотро таманно менамоям.

Ноҳияи Спитамен яке аз минтақаҳои куҳанбунёд ва таърихии сарзамини тоҷикон буда, номи деҳаи калонтарини ноҳия Куркатро қисме аз таърихнигорон бо номи Куруши Кабир ва истеҳкоми мудофиавии ӯ – Курушкада вобаста медонанд.

Таърихнигорони юноние, ки Искандари Мақдуниро дар кишваркушоиҳои ӯ ҳамроҳӣ мекарданд, доир ба муҳорибаи шадид ва мудофиаи қалъаи Киропол, яъне Курушкада аз ҷониби сокинони шаҳр ва корнамоиву фидокориҳои бесобиқаи сарлашкари тавоно Спитамен ёдоварӣ намуда, сифатҳои наҷиби ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳии мардуми ин марзу бумро зикр кардаанд.

Гарчанде муборизаҳои шадиди истиқлолхоҳӣ ва ватандӯстии ниёгони мо таҳти сарварии Спитамен оқибат ба шикасту бебарориҳо дучор шуда бошад ҳам, корнамоиҳои бемислу монанди онҳо дар саҳифаҳои таърих то ба рӯзгори мо расидааст.

Мо имрӯз корнамоиҳои Спитамени диловар ва ҳамсафони ӯро қадршиносӣ намуда, барои зинда доштани номи нек ва хотираи бегазанди фарзандони фидоии халқ ордени Спитаменро таъсис додем.

Гузашта аз ин, воқеанигорону муаррихони юнонӣ аз заминҳои ҳосилхези соҳили чапи дарёи Танаис (Сирдарё) ва маданияти баланди кишоварзии мардуми он хабар додаанд.

Заминҳои ноҳияи имрӯзаи Спитамен ба ҳамин ҳудудҳо мувофиқ меоянд ва мардуми ноҳия низ ворисони сазовори ниёгон будани худро бо истифодаи оқилонаи замин, посдории оини киштукор, муҳаббату садоқати бепоён ба марзу буми аҷдодӣ собит менамоянд.

Бо тақозои таърих, дар натиҷаи марзбандиҳои солҳои 20-уми асри гузашта ин ноҳия ба минтақаи сарҳадӣ табдил ёфт ва сокинонаш тӯли даҳсолаҳо арзишҳои волои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва анъанаҳои беҳтарини ҳусни эҳтиром ва ҳамсоягиву ҳамҷавориро риоя менамоянд.

Маҳз дар ҳамин ноҳияи сарҳадӣ ба хотири арҷгузорӣ ба фарҳангу забони ӯзбек Театри давлатии драмаи ӯзбекӣ амал мекунад, ки номи ҳунарпешаи машҳур Шукур Бурҳоновро дорад.

Шаҳраки собиқаи Нов зодгоҳи шоири ӯзбекзабони кишварамон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аширмат Назаров мебошад, ки Ватанаш - Тоҷикистонро бо забони ӯзбекӣ мадҳу ситоиш кардааст.

Ногуфта намонад, ки маҳз дар ҳамин ноҳия яке аз роҳбарони машҳури кишварамон Турсун Ӯлҷабоев мактаби роҳбарӣ ва ташкилотчигиро гузашта, ба сатҳи сиёсатмадори шинохта сабзида расид, ки мову шумо хотираи неки ӯро пос дошта, бузургтарин нерӯгоҳи барқии обии мамлакат, яъне Норакро ба номаш гузоштем.

Мову шумо ба хотири пос доштани ҳусни ҳамсоягиву ҳамҷаворӣ ҷараёни таълимро дар мактабҳои ҳамагонии ноҳия бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда, дар тайи солҳои хониши 2007-2009 даҳҳо номгӯи китобҳоро ба забони ӯзбекӣ бо теъдоди қариб 300 ҳазор нусха интишор намудем.
Гузашта аз ин, худатон хуб медонед, ки чандин номгӯи маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ бо забони ӯзбекӣ нашр шуда, барномаҳои радиову телевизионҳои марказӣ ва шабакаҳои интернет бо ин забон пахш мешаванд.

Дар айни ҳол мову шумо бояд фаромӯш насозем, ки шинохти асолати таърихии миллат ва арҷ гузоштан ба забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи инсонии ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Зеро густариши раванди ҷаҳонишавӣ баробари ҳифзи муқаддасоти миллӣ ҳамгироии зичи халқу кишварҳои гуногунро дар самти пешрафти техникӣ, технологияи иттилоотӣ, дастовардҳои навини илм, падидаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва ҳамчунин равобити васеи халқҳо ва кишварҳоро тақозо мекунад.

Дӯстони азиз!

Дар шароити хеле ҳассоси бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷахонӣ, ки таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ расидааст, бо вуҷуди мушкилоти пешомада дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар меҳнати босуботу созанда ба хотири рушду нумӯи Ватани азизамон авҷи тоза мегирад.

Имрӯз азму иродаи қавии созандагӣ ва рӯҳияи идонаи мардуми азизи кишвар дар вилояти Суғд бараъло эҳсос мешавад ва ман чунин рӯҳбаландиро ҳангоми сафари кориам дар ноҳияи Спитамен низ ба мушоҳида гирифтам.

Ноҳияи Спитамен аз лиҳози ҷуғрофӣ минтақаи иқлимаш мусоид ба шумор меравад. Бинобар ин дар ин ҷо барои истифодаи самараноки замин ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Кишоварзӣ дар сохтори иқтисодии ноҳияи Спитамен мақоми асосӣ дошта, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 15,5 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кардаанд.

Лекин дар ташкили маъракаи захираи хӯроки чорво дар хоҷагиҳои ноҳия баъзе норасоиҳо мавҷуданд. Бо вуҷуди он, ки соли ҷорӣ барои хошокҷамъкунӣ шароити мусоид фароҳам омада, имкони баробари ду нақшаи солона ҷамъоварӣ ва захира намудани хошок вуҷуд дорад, ҷараёни корҳо дар ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чандон қонеъкунанда нест.

Чунин ҳолат муттахассисонро водор менамояд, ки барои ислоҳи вазъият чораҳои таъхирнопазир андешида, тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намоянд. Мову шумо бояд ба кишти такрорӣ, махсусан парвариши ғалладона, картошка, сабзавот ва навъҳои дигари зироат, ки амнияти озуқаворӣ ва фаровонии маҳсулоти дохилиро дар бозорҳо таъмин менамоянд, аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

То аввали июн кишоварзони ноҳия дар майдони 10 800 гектар кишти баҳорӣ гузаронидаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 200 гектар зиёд аст, аммо ин 88 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз соҳаҳои асосии ноҳия ба шумор меравад. Соли ҷорӣ аз тарафи хоҷагиҳои ноҳия зиёда аз панҷумин ҳазор гектар пахта кишт карда шудааст, ки ин 86 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дуруст аст, ки дар натиҷаи боришоти зиёди имсола 1250 гектар майдони пахта зарар дида, дар 1170 гектар кишти дубора гузаронида шуд.

Дар ноҳия татбиқи нишондоди барномавии парваришу барқароркунии боғҳои мевадиҳанда нисбатан хуб амалӣ шавад ҳам, барои кишоварзони таҷрибадори ноҳия 70 гектар хеле кам аст.

Аз ин рӯ, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супорида мешавад, ки бо истифода аз фурсати мавҷуда кишти такрориро ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил шудан ба яке аз ҳадафхои асосии стратегииамон, яъне таъмини амнияти озуқавории мамлакат вусъат бахшанд ва иҷрои нишондодҳои барномавиро таъмин намоянд.

Ҳарчанд, ки дар ноҳия нақшаи буҷети давлатӣ 100 фоиз ва нақшаи буҷети маҳаллӣ 104 фоиз иҷро шудааст, аммо сифати иҷрои андоз ташвишовар аст. Дар ноҳия аз 15 намуди андоз 8 намуди он иҷро нагардидааст ва ба буҷет тақрибан як миллион сомонӣ маблағ ворид нашудааст.

Дар давоми панҷ моҳ қарзи истеъмолкунандагон аз истифодаи гази табиӣ ба 315 ҳазор сомонӣ расида, қарзи истифодаи нерӯи барқ 4 миллион сомониро ташкил карда, аз оғози сол 460 ҳазор сомонӣ афзудааст, ки ин ҳолат нигаронкунанда аст.

Бо мақсади рушди истеҳсолот, бахусус вусъати соҳибкории хурду миёна аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба соҳибкорони ноҳияи Спитамен дар давоми солҳои 2007- 2008 зиёда аз 37 миллион сомонӣқарз дода шудааст.

Танҳо дар чор моҳи соли равон бо ин мақсад ба соҳибкорони маҳаллӣ қариб 9 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.Таҳлили натиҷаҳои панҷмоҳаи соли 2009 нишон медиҳад, ки вазъият дар соҳаи саноати ноҳия низ ташвишовар аст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз теъдоди умумӣ ҳамагӣ ду корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро вусъат бахшида, 5 корхонаи дигар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш додаанд.

Дар давраи моҳҳои январ-майи соли 2009 аз тарафи корхонахои саноатии ноҳия ба маблағи 6, 6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истехсол карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ҳамагӣ 75 фоизро ташкил медиҳад.

Масалан, агар Ҷамъияти саҳҳомии комбинати масолеҳи сохтмони ноҳия дар панҷ моҳи соли ҷорӣ суръати афзоишро 8,1 баробар зиёд карда бошад, пас яке аз калонтарин корхонаҳои саноатӣ – корхонаи «Пахтаи Нов» дар ин давра умуман фаъолият накардааст.

Аз рӯи талаботи бозор пешрафти соҳаи пахтакорӣ аз коркарди нахи пахта вобастагӣ дорад. Бинобар ин, супориш дода будем ва бори дигар таъкид мекунем, ки масъулони ноҳия то 1-уми октябри соли ҷорӣ барои ба кор андохтани корхонаи нахи пахта тадбирҳои таъҷилӣ андешанд.

Аз ҷумла, ба Вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва энергетикаи мамлакат, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки мутобиқи шароит ва имконияти ноҳия ҷиҳати ба кор андохтани корхонаи нахи пахта дар ноҳияи Спитамен ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳоло дар ноҳияи Спитамен чор лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ гардида истодааст, ки онҳо оид ба тандурустии ҷамоавӣ, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак, таҷдиди соҳаи маориф ва Лоиҳаи “Таҳсилот барои ҳама» ва «Ташаббуси рушди босуръат» мебошанд.

Маблағи умумии мутобиқи ин лоиҳаҳо дар ноҳия азхудшуда зиёда аз 35 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар асоси барномаи Бонки Умумиҷаҳонӣ сохтмони як қатор марказҳои саломатӣ давом дорад. Инчунин дар соли равон таъмири шӯъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия ба назар гирифта шудааст.

То имрӯз як иншооти тиббии ноҳия ба истифода дода шуда, корҳои таъмиру таҷдиди 6 иншооти дигар ба маблағи қариб дуюним миллион сомонӣ анҷом ёфтааст.

Дар доираи «Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанак» айни замон дар ҳудуди ноҳия қариб 30 миллион сомонӣ азхуд шуда, корҳои асфалтпӯш кардани роҳ, бунёди роҳҳои муваққатӣ, хобонидани қубурҳои обгузар ва сохтмони кӯпрукҳо анҷом дода шудаанд.

Дар доираи лоиҳаи таҷдиди соҳаи маориф 50 номгӯи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 28 000 нусха чоп шуда, дастраси хонандагони мактабҳои ноҳияи Спитамен гардидаанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Тоҷикистон имрӯз дар марҳалаи татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагиву ободкорӣ, бахусус таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва амнияти озуқавории мамлакат ҷаҳду талош дорад.

Дар ин раванд то имрӯз даҳҳо иншооти хурду миёнаи гидроэнергетикӣ ба истифода дода шудаанд ва корҳои созандагӣ дар ин самтҳо идома доранд.

Дар айни ҳол мутобиқи ҳадафҳои стратегии мо сохтмони як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Чанак, нақбҳои Истиқлол ва Шаҳристон дар арафаи анҷомёбианд.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва мардуми заҳматқарини ноҳияи Спитамен рӯзи Ваҳдати миллиро чун рамзи ҳамдигарфаҳмиву ҳамраъйӣ, қутбнамои пешрафту дастовардҳои тоза ба тоза қарор дода, тамоми ғайрату кӯшиши худро барои ободиву осудаҳолӣ ва рӯзгори хушу босаодат сафарбар менамоянд.

Ҳамчунин ба хотири истиқболи шоистаи ҷашнҳои бузурги миллӣ – понздаҳумин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, инчунин 20-солагии истиқлолияти давлатӣ аҳлонаву софдилона кору фаъолият мекунанд.

Имрӯз сарзамини таърихии суғдиён бо риояи адолати таърихӣ вилояти Суғд номгузорӣ гардида, корнамоиҳои безавол ва орзую ормонҳои наҷиби Спитамен ва ҳамсафони диловари ӯро зинда медорад.

Маҳз ҷонбозию талошҳои Спитамен ва садҳо фарзандони фидоӣ буд, ки тоҷикон тавонистанд дар тӯли ҳазорсолаҳо фарҳанги давлатдории хешро нигоҳ дошта, ин суннати ориёиро насл ба насл то ба рӯзгори мо расонанд ва давлати миллии соҳибистиқлоли хешро умри ҷовидона бахшанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни фархудаи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба шумо комёбиву сарбаландӣ, бахту саодат ва дӯстиву рафоқати поянда таманно менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520