ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Мардзода О.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мардзода Одинашо Миршаб иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 ноябри соли 2021
№292