Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

17.06.2009 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷрои Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскаву Екатеринбурги Русия, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, чамъоварии маблағи истифодаи барқу газ, гузаштан ба лампаҳои каммасраф, ҷамъоварии беталафи ҳосили ғалла ва меваю сабзавот баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои татбиқи амалии натиҷаҳои сафари ӯ ба Русия ва мулоқотҳои анҷомдодааш, хусусан вохӯрӣ бо тоҷикону тоҷикистониёни муқими Русия нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шавад.

Оид ба соҳаи кишоварзӣ супориш дода шуд, ки ба деҳқонон барои ҷамъоварии беталафи ҳосили фаровони ғалладона кӯмак расонда шавад ва барои пешгирӣ аз сӯхтори ғаллазор чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки оид ба иҷрои буҷети давлатӣ ва таъмини саривақтии маошу нафақа чораҳои муассир андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520