Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори тақсимкунандаи Хазинаи байналмилалии асъор Доминик Стросс-Кан

17.06.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи Хазинаи байналмилалии асъорро, ки зери сарварии Директори тақсимкунандаи хазина Доминик Стросс-Кан ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла оид ба коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Хазинаи байналмилалии асъор барои ҷудо намудани 116 миллион доллари амрикоӣ, ки дар доираи Барномаи нави ҳамкории Точикистон бо ин хазина баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ сурат мегирад, арзи сипос намуда, изҳори қаноатмандӣ кард, ки қисмати зиёди он соли равон маблағгузорӣ мешавад.

Мусоҳибон оид ба роҳҳои зиёд намудани кӯмакҳои Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар созмону кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ гуфтугӯйи судманд анҷом дода, таъкид бар он доштанд, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки то имрӯз ҷудогашта барои босамар амалӣ намудани тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нокифояанд.

Доминик Стросс-Кан ба тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сиёсати иҷтимоӣ ва пулию қарзии он баҳои мусбӣ дода, изҳор намуд, ки масъалаи зиёд кардани кӯмаки молиявӣ ба Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор мавриди баррасӣ қарор дорад ва ҳаҷми он ба наздикӣ муайян хоҳад шуд.

Доминик Стросс-Кан сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, аз ҷумла далелҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин бора муътамад арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки захираҳои фаровони табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ имкон медиҳанд, ки дар оянда рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таъмин гардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520