Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия

15.06.2009 19:00, Русия

Ҳамватанони азиз!
Дӯстони гиромӣ!

Аввалан, ба ҳамаи шумо, ки имрӯз дур аз Ватан ва дур аз хешу табор кору зиндагӣ карда истодаед, дуруду паёми пурмеҳри волидон, хешовандон ва умуман тамоми мардуми Ватани азизамонро расонида, ба ҳамаатон тани сиҳат, хотири ҷамъ ва барори кор орзу менамоям.

Шумо набояд фаромӯш кунед, ки сарфи назар аз маҳалли ҳозираи кору зиндагии худ фарзандони Тоҷикистон ҳастед ва соҳиби давлати мустақил буда, Ватани хешро доред ва ин Ватан, инчунин миллати шарифатон ҳамеша дар фикри шумост.

Ҳамин аст, ки дар ҷараёни сафарҳо ба хориҷи кишвар мо ҳамеша бо ҳамватанони бурунмарзии худ вохӯриву сӯҳбатҳо ороста, аз ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии онҳо воқиф мегардем. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда кӯшиш мекунем, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти онҳо мусоидат намоем. Ва имрӯз фурсати муносиб фароҳам омад, ки бо шумо – намояндагони тоҷикистониёни муқими Федератсияи Россия бори дигар вохӯрда, бо вазъи кору зиндагиатон шинос шавем ва дар ҳаллу фасли масъалаҳои будубоши шумо дар хориҷи кишвар ба қадри имкон мусоидат намоем.

Шумо хуб медонед, ки дар натиҷаи вусъат ёфтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, фарқияти торафт зиёд пайдо кардани иқтисодиёти давлатҳои пешрафтаву камрушд, сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои олам ва кам шудани шумораи аҳолии қобили меҳнат дар кишварҳои мутараққӣ, инчунин дигар омилҳо дар давоми даҳсолаҳои охир дар саросари олам муҳоҷирати меҳнатӣ вусъат гирифта истодааст.

Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид имрӯз дар саросари ҷаҳон зиёда аз 200 миллион нафар одамон маҳалли иқомати доимии худро тарк карда, дар муҳоҷират умр ба сар мебаранд. Қисми зиёди онҳоро шахсоне ташкил медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ва ба даст овардани манфиатҳои бештари иқтисодӣ ба мамлакатҳои дигар сафар кардаанд.

Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабулкунандаи он манфиати калони иқтисодӣ ба даст меорад. Чунончи, агар дар соли 2007-ум муҳоҷирони меҳнатӣ дар тамоми ҷаҳон тавассути бонкҳо ба кишварҳои худ 240 миллиард доллар интиқол дода бошанд, фоидаи аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба дастовардаи мамлакатҳои қабулкунандаи нерӯҳои корӣ аз маблағи зикршуда се-чор маротиба зиёд аст.

Давлати соҳибистиқлоли мо, ки ҷузъи таркибии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошаду робитаҳои байналмилалии худро тадриҷан густариш дода истодааст, аз ин раванди фарогири ҷаҳонӣ дар канор нест.

Зеро Тоҷикистон дорои нерӯи зиёди корӣ мебошад ва дар баробари ин, суръати афзоиши аҳолӣ низ то андозае баланд аст. Дар айни ҳол шумораи аҳолии Тоҷикистон ба ҳафтуним миллион нафар расидааст. Теъдоди аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, камфаъолиятии бозори маҳаллии меҳнат ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ҷои кор боиси болоравии сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвар гардидааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки муҳоҷирати меҳнатӣ бо вуҷуди он, ки омили муҳими ҳалли масъалаи бекорӣ ва воридшавии маблағҳо ба мамлакат мебошад, вале на ҳама вақт ҷавобгӯи манфиатҳои мушаххаси иҷтимоию иқтисодии кишвар аст. Бахусус ҷараёни ғайримуназзами он метавонад проблемаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳатто сиёсиро ба миён орад.

Дар робита ба ин, давлати Тоҷикистон сиёсати мутобиқ гардонидани раванди муҳоҷирати меҳнатиро бо стратегияи умумии инкишофи иқтисодиёти кишвар пеша кардааст ва ҷиҳати ба низом даровардани ин раванд, ба роҳ мондани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, беҳбудӣ бахшидан ба вазъи онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти меҳнатиашон дар хориҷи кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Барои ба низом даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ то имрӯз зиёда аз 40 созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуда, чандин барномаю консепсия ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидаанд.

Таъсис додани Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии кишвар, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи иқдомоте мебошад, ки ба танзими давлатии равандҳои муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ равона карда шудаанд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар ин соҳа ба вуҷуд овардани низоми мувофиқашудаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо кишварҳои қабулкунандаи қувваҳои кории мо, аз ҷумла бо Федератсияи Россия мебошад. Зеро беш аз 90 фоизи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия кор мекунанд.

Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон дар мавриди татбиқи сиёсати хориҷии худ ба ҳамкории густурда бо Федератсияи Россия аҳамияти хоса медиҳад. То имрӯз байни кишварҳои мо зиёда аз 175 созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд ва ин санадҳо тамоми соҳаҳои ҳамкории дуҷонибаро дарбар мегиранд.

Дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба инчунин бо бисёр субъектҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла вилоятҳои Свердловск, Саратов, шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург, ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқирдистон ва Чувашия шартномаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баста шудаанд. Чунин шартномаҳо миёни вилоятҳои кишвари мо ва субъектҳои алоҳидаи Федератсияи Россия низ ба тасвиб расидаанд. Дар аксарияти онҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба назар гирифта шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои васеъ гардонидани доираи муносибатҳо дар соҳаи муҳоҷират бо Ҳукумати Федератсияи Россия кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Моҳи ноябри соли 2008 байни Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва системаҳои иҷтимоии Федератсияи Россия ёддошти тафоҳум ба имзо расид ва муқаррароти ин санад самтҳои иловагии тақвияти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамчунин ҷалб намудан ва фиристодани қувваи кории соҳибкасбро ба ин кишвар муайян мекунад.

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Комиссияи доимоамалкунандаи байниҳукуматӣ таъсис дода шудааст, ки вазифаи асосии он баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҷорӣ ва мубрами ҳамкории тарафҳо мебошад. Зимни фаъолияти ин Комиссия лоиҳаи як қатор санадҳои байниҳукуматӣ, аз ҷумла созишномаҳо дар бораи таъсис додани биржаи меҳнатии муштарак ва дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, Протокол дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки мақсад аз қабули онҳо беҳбудӣ бахшидан ба шароити муҳоҷирони меҳнатӣ ва тақвияти заминаи ҳуқуқии кафолатҳои иҷтимоии онҳо мебошад.

Дар баробари ин, ҳамаи вазорату идораҳо ва сохторҳои давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ муносибатро бо сохторҳои марбутаи Федератсияи Россия ҷоннок намуда, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бо мақсади дастгирии ҳаматарафа ва ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоиву шаҳрвандии ҳамватанонамон, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунанд, дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шӯъбаи махсуси кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шудааст ва дар якчанд шаҳрҳои калони ин мамлакат намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба таври доимӣ фаъолият мекунанд.

Соли гузашта дар маркази вилояти Свердловск - шаҳри Екатеринбург, ки мо ҳоло дар он бо шумо мулоқот дорем, фаъолияти консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва самаранокии кори онро бисёри муҳоҷирон аллакай эҳсос кардаанд. Мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик шабакаи консулгариҳои Тоҷикистонро, ки ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар ба зимма доранд, васеъ гардонем ва дар мувофиқа бо ҷониби Россия боз дар якчанд марказҳои калони маъмурии он намояндагиҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳем.

Вале, сарфи назар аз тадбирҳои андешидаи мо ҳанӯз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, бахусус он шаҳрвандоне, ки бе ягон асоси ҳуқуқиву ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ихтисос ба хориҷа сафар мекунанд, ба мушкилоти зиёд дучор мегарданд.

Мо хуб медонем, ки бо мақсади дастгирӣ, кӯмак ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо дар аксари кишварҳои будубоши ҳамватанон ва шаҳрвандони мо шумораи зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии тоҷикон таъсис ёфтаанд.

Аз ҷумла, имрӯз қариб дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ҷамъиятҳои миллию фарҳангии тоҷикон амал мекунанд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда теъдоди чунин созмонҳо ҳоло ба 67 адад расидааст ва онҳо дар зиёда аз 34 воҳиди маъмурии ин кишвар кори худро ба роҳ мондаанд.

Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастии ҳамватанонамон, тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдату ягонагӣ, арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик, ҳамчунин дӯстӣ ва эҳтироми мутақобилаи миллатҳо дар ҷомеа ин ташкилотҳо якҷо бо намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия ва мақомоти дахлдори давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ин рӯ, мо омодагии хешро барои мусоидат ва дастгирии созмонҳои бурунмарзии тоҷикон ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву ҷамъиятии онҳо дар сатҳи баланд изҳор менамоем.

Созмону ҷамъиятҳои зикргардида, ҳарчанд ки тибқи вазифаҳои оинномавиашон хусусияти фарҳангиву ҷамъиятӣ доранд, вале дар ҳамкории зич бо намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлативу созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо дар асоси қонунҳои амалкунандаи ҳарду кишвар корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд.

Аксарияти онҳо дар атрофи худ ҳазорон ҳамватанони моро муттаҳид намуда, кору фаъолияти дӯстонаи онҳоро таъмин мекунанд ва дар назди мақомоти давлатии кишвари будубош ва муҳоҷирон нуфузу эътибори зиёд пайдо кардаанд.

Дар робита ба ин, мехостам саҳми назарраси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Россияро, ки шӯъбаи минтақавии он дар шаҳри Екатеринбург низ мавҷуд аст, зикр намоям. Зеро он дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллати тамаддунофарамон ва сарҷамъу муттаҳид сохтани тоҷикистониён берун аз Ватан корҳои зиёдро ба сомон мерасонад.

Аз фурсат истифода бурда, ба созмондиҳандагон ва аъзои фаъоли он барои иқдомоти ватандӯстонаашон ва арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои волои миллиамон дар хориҷи кишвар ва ташаббусҳои хайрхоҳонаашон дар ҳифзи ҳуқуқҳо, инчунин кӯмаку дастгирии ҳамватанонамон арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Бояд зикр кард, ки бо вуҷуди ин баъзе ташкилотҳои ба ном ҷамъиятиву хайрхоҳ низ мавҷуданд, ки нисбат ба тақдири ҳамватанони бурунмарзиамон беэътиноӣ зоҳир карда, танҳо барои манфиатҳои ғаразноки роҳбаронашон хизмат мекунанд. Тавре ки мо огоҳ ҳастем, чунин созмонҳо бештар ба тафриқаандозиву ба гурӯҳҳо ҷудо кардани ҳамватанонамон ва озор додани онҳо машғуланд. Роҳбарони баъзеи онҳо бо унсурҳои ҷиноятпеша робита пайдо карда, дар ҳамдастӣ бо онҳо ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, дуздиву ғоратгарӣ ва ҳатто куштор даст мезананд, ҳамватанони худ, бахусус муҳоҷирони меҳнатиро мавриди таъқибу фишороварӣ ва маблағситонӣ қарор медиҳанд.

Дар натиҷаи чунин амалҳои ношоиста онҳо ба эътибори тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатӣ таъсири манфӣ расонида, қадру манзалати миллати таҳаммулпеша ва бофарҳанги моро дар назди намояндагони дигар халқиятҳо паст мезананд.

Чунин созмонҳо ва ашхосро танҳо шумо – намояндагони фаъоли диаспора ва ташкилотҳои бонуфузи ҷамъиятӣ метавонед ошкор сохта, садди роҳи аъмоли носавоби онҳо гардед.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Ҳоло мехостам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалае ҷалб намоям, ки аз мулоқоти пешинаи ман бо намояндагони диаспораи тоҷикони Россия дар Маскав бармеояд. Омӯзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ асосан дар вазифаҳои коргарӣ истифода мегарданд ва дар сурати соҳибкасб будани онҳо, донистани забон ва ҳуқуқҳои хеш метавонанд манфиатҳои худро ҳимоя намоянд. Дар чунин маврид пеш аз ҳама пардохти саривақтӣ ва андозаи баланди музди меҳнат, масъалаҳои таъминоти иҷтимоии онҳо низ аз ҷониби корфармоён риоя карда мешаванд.

Гуфтушунидҳо миёни сохторҳои дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон бо кордиҳандагони Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи қувваҳои кории Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки қисме зиёди корфармоён бештар ба муҳоҷирони соҳибкасб эҳтиёҷ доранд.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои рушди сифатии захираҳои меҳнатӣ, аз ҷумла бекорон ва муҳоҷирони меҳнатиро мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор дода, таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси онҳоро васеъ ба роҳ монда истодааст. Зеро ташаккули низоми босамари таълими касбии табақаҳои қобили меҳнати аҳолӣ бо мақсади фароҳам овардани захираҳои кории баландихтисос вазифаи аввалиндараҷаи кишварҳои содиркунандаи захираҳои меҳнатӣ маҳсуб мешавад ва дар шароити имрӯза омили муҳими дастгирии давлатии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Дар сатҳи давлатӣ ба роҳ мондани низоми омодасозии захираҳои меҳнатӣ барои кор дар хориҷи кишвар сатҳи ҳифзи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷиронро сифатан баланд бардошта, барои рафъи бисёр падидаҳои манфӣ дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меорад.

Аз ин рӯ, бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ солҳои охир дар Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули низоми фарогири таълими касбӣ, бозомӯзӣ, омӯзиши забонҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии муҳоҷират, инчунин таъсис додани марказҳои тахассусӣ барои табақаҳои қобили меҳнат як қатор тадбирҳои судманд андешида шуданд.

Чанде пеш бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Маркази таълими калонсолон ва бахшҳои минтақавии он таъсис дода шуд. Боварии комил дорем, ки ин сохтор тавассути шабакаҳои худ барои баланд бардоштани сатҳу сифати захираҳои меҳнатӣ саҳми босазо хоҳад гузошт. Муҳоҷирони мавсимии меҳнатӣ минбаъд метавонанд ҳангоми дар Ватан буданашон аз имконяитҳои ин марказҳо истифода намуда, дар як муддати кӯтоҳ соҳиби касб гарданд барои касби дар амал омӯхтаашон шаҳодатномаи намунаи давлатӣ гиранд.

Дар шароити кунунӣ, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ шиддатноктар гардида, аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст ва таъсири худро бевосита ба бозори меҳнат ва идомаи фаъолияту иқомати муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар самти дигари афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошад.

Солҳои охир дар кишварамон дар заминаи вусъат бахшидани сохтмону бунёди як силсила иншооти энергетикиву коммуникатсионӣ, барқарорсозии инфраструктураи истеҳсоливу иҷтимоӣ ҷойҳои зиёди корӣ фароҳам оварда шуданд. Чунончи, соли гузашта аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо дар саросари кишвар зиёда аз сад ҳазор ва дар панҷ соли охир беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ё барқарор гардида, бори аввал суръати болоравии сатҳи бекорӣ дар мамлакат боздошта шуд ва нисбат ба соли 2007-ум 15 фоиз кам гардид. Мо тасмим гирифтаем, ки соли равон дар дохили кишвар беш аз 180 ҳазор ва ҳар соли минбаъда 100 ҳазорӣ ҷойи нави корӣ ташкил намоем.

Дар ин бобат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ батафсил сухан ронда будам. Ҳамзамон бо ин, бори дигар таъкид карданиам, ки тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, муассисаву ташкилотҳои давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои ҳарчи зиёдтар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, бахусус дар соҳаи истеҳсолот ва паст гардонидани таъсири манфии бӯҳрон чораҳои мушаххас андешанд. Албатта, татбиқи ин чорабиниҳо имкониятҳои давлатро дар самти таъмини шуғли босамари аҳолӣ ва паст намудани шиддати бозори меҳнат васеътар мегардонад.

Дар шароити бештар гардидани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ фароҳам овардани ҷойҳои доимии корӣ барои қувваҳои қобили меҳнат масъалаест, ки ҳаллу фасли он ҳам ба сохторҳои давлатӣ ва ҳам бахши хусусии иқтисодиёт вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки барои вусъат бахшидан ба иштироки ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ва соҳибкорон дар сохтмонҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ, роҳсозӣ ва коммуникатсия, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, густариши истеҳсолоти кишоварзӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маводи сохтмон аз ашёи худӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ мусоидат намоянд.

Дар робита ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи ҳамватанони бурунмарзиамонро низ, ки дорои сармоя ва имконият мебошанд, ба масъалаи ворид намудани технологияҳои муосир ва дар сарзамини аҷдодии худ ташкил кардани корхонаҳои истеҳсолӣ ҷалб созам.

Чанде пеш гурӯҳи ҳамватанони муқими Федератсияи Россия ба мо муроҷиат намуда, омодагии хешро барои саҳмгузорӣ дар сохтмони барои мамлакатамон тақдирсоз - нерӯгоҳи барқи обии Роғун изҳор намуданд. Сохтмони ин нерӯгоҳ, ки яке аз роҳҳои асосии расидани мо ба ҳадафи стратегии давлати Тоҷикистон – истиқлолияти энергетикӣ мебошад, вазифаи аввлиндараҷаи мо ба шумор меравад. Ҳукумати Тоҷикистон, сарфи назар аз тамоми мушкилоту монеаҳо иншооти мазкурро, ки барои мо ҳаётан муҳим аст, ҳатман бунёд менамояд.

Боиси қаноатмандист, ки ҳамватанони бурунмарзии мо барои рушди иқтисодиёти Ватан тасмим гирифта, дар ин самт кӯшиш низ ба харҷ дода истодаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ қариб 50 фоизи муҳоҷирон пас аз бозгашт ба Ватан бо соҳибкорӣ машғул гардида, бо истифода аз имкониятҳои худ дар соҳаҳои хизматрасонии маишӣ ва сохтмон фаъолият карда истодаанд. Албатта, ҳоло нишондиҳандаҳои фаъолияти онҳо чандон назаррас нестанд. Вале муҳим он аст, ки ин раванд оғоз гардидааст ва дар ояндаи наздик самараи хуб хоҳад дод.

Ба андешаи коршиносон дар сурати ҷалби мақсаднок ва истифодаи самараноки сармоя ва имкониятҳои ҳамватанони сарватманди бурунмарзиамон, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ кишварамон метавонад дар як муддати кӯтоҳ рушди босуръати бахши саноат, комплекси агросаноатӣ, сохтмон ва инфраструктураи истеҳсоливу иҷтимоии худро таъмин намояд. Дар ин бобат омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Хитой, Япония, Ҳиндустон, Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ аз аҳамият холӣ нест.

Ободсозии Ватан, таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини ояндаи осудаҳолонаи ҳаёти мардум барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат, хоҳ дар дохили кишвар бошад, хоҳ берун аз он, ҳам қарзу ҳам фарз аст. Барои ҷалби имкониятҳои молии ҳамватанони сарватманди бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба иқтисодиёти мамлакат тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Онҳо метавонанд бо роҳи сармоягузорӣ дар иншооти муҳими иқтисодӣ, воридоти технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсис додани корхонаҳои саноатии коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру кору хизматрасониҳо дар пешрафти иқтисодиёти Ватани худ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи сармояи соҳибкорон ва рушди соҳибкорӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст ва иштироки фаъолонаи ҳамватанони бурунмарзиамонро дар раванди рушди иқтисодиёт омили муҳими пешрафту тараққиёти босуръати иқтисодиву иҷтимоии кишвар меҳисобад.

Бо истифода аз фурсат, ман ба ҳамаи ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар байни онҳо олимон, мутахассисони бомаҳорат ва соҳибкорони сарватманд кам нестанд, муроҷиат карданиам, ки нисбат ба пешрафту тараққиёт ва ободии Ватан ва давлату миллати худ бетараф набошанд ва ба қадри имкону тавони хеш дар обод сохтани як гӯшаи сарзамини аҷдодӣ ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии халқу миллати худ саҳмгузор гарданд.

Фаромӯш накунед, ки мо дар ҳар куҷое набошем, як давлат ва як Ватан дорем, ки номи он Тоҷикистон аст ва ҳамаи мо сарфи назар аз он, ки аз кадом гӯшаи Ватан ҳастем, Тоҷикистон ҳастем ва он пушту паноҳи ҳамаи мост. Ободии Тоҷикистон ободии ҳар яки мост. Ба ҷойи мову шумо дигар ягон халқу миллат Ватани моро обод нахоҳад кард. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фарде, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ ва фарзанди бонангу номуси миллат меҳисобад, бояд барои ободии Тоҷикистон ва барои ваҳдату осудаҳолӣ, инчунин зиндагии шоистаи мардуми худ кӯшиш намояд. Дар он сурат чунин шахс метавонад дар ҳар куҷо бо Ватану миллату худ ифтихор намояд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо - ҳамватанону ҳаммиллатони азиз, ки имрӯз берун аз Ватан кору зиндагӣ доред, тансиҳатӣ ва барори кору зиндагӣ орзумандам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520