Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

14.06.2009 19:00, Русия

14 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия қарор дошт.

Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 14 – уми июн дар аҳри Маскав баргузор шуд.
Дар ҷаласа масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ гардид.

Масоили вобаста ба таъсисдиҳии Нерӯҳои муштараки зудамал ва омода намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти онҳо аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши сарони давлатҳо буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфтани чунин нерӯҳоро аз қадамҳои муҳими кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар роҳи муқовимат ба хатарҳои терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир арзёбӣ намуд ва ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки бояд дар доираи ин созмон бештар санадҳое қабул шаванд, ки ба ҳамкории мушаххаси мақомоти дахлдори миллию байнидавлатӣ мусоидати фаъол намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ оид ба муътадилгардонии вазъият дар Афғонистон пуштибонӣ намуд.

Бегоҳии рӯзи 14 –уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Маскав ба шаҳри Екатеринбурги Федратсияи Русия рафт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520