Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Екатеринбурги Федратсияи Русия

16.06.2009 21:00, Русия

Бегоҳии рӯзи 14 –уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Маскав ба шаҳри Екатеринбурги Федратсияи Русия рафт.

Субҳи рӯзи 15 – уми июн Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Губернатори вилояти Свердловск Эдуард Росселро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи муҳими Федератсияи Русия ва ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуд.

Аз амали як созишнома миёни Тоҷикистону вилояти Свердловск оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи ин созишнома ва фаъолияти босамари Гурӯҳи муштараки ҳамоҳангсози ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Кори пурсамари корхонаи муштараки «Ширкати саноатию молиявии «УралПромСервис», ки асосан ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ташкили намоишгоҳҳо ва фурӯши масолеҳ ва техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ машғул аст, натиҷаи татбиқи ҳамин гуна санадҳо арзёбӣ гардид.

Аз иштироки корхонаҳои саноатии ин минтақа дар сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Роғун низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Бо назардошти имконоти фарохи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону минтақаи Урали Федератсияи Русия изҳори боварӣ карда шуд, ки корхонаҳои муштараки зиёд оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истихроҷу коркарди захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон минбаъд бештар бунёд хоҳанд ёфт.

Соҳаи туризм, аз ҷумла туризми экологӣ низ аз самтҳои ояндадори ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид.

Эдуард Россел ҳам ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тавассути истифодаи имконоти саноатии вилояти Свердловск дар Тоҷикистон ва ҳам ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба минтақаи Урал изҳори ҳавасмандӣ намуд. Ӯ мухоҷирони тоҷикро мардуми меҳнатдӯст ва ростқавлу покизакор номида, ба сифати корҳояшон низ баҳои баланд дод.

Мусоҳибон омодагии худро баҳри ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба роҳ мондани касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои Тоҷикистон барои кор дар ин минтақа таъкид намуданд.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, ки сол ба сол таҳкиму густариш меёбад, баррасӣ шуд.

Аз афзоиши мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2008 аз 1 миллиарду 250 миллион доллари амрикоӣ гузашт ва дар семоҳаи якуми соли равон болоравии он беш аз 80% - ро ташкил дод, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ху Тсзинтао иттилоъ дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҷудо намудани 60 миллион юан маблағи грантӣ, ё худ кӯмаки бебозгашт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ қарори дахлдор қабул намуд.

Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки тамоми санадҳои ҳамкории миёни ду кишвар, аз ҷумла оид ба сохтмони роҳу пулҳо, туннелҳои Шаҳристону Шаршар ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқи Лолазор-Хатлон ва Ҷануб-Шимол дар Тоҷикистон бо суръат ва сифати баланд амалӣ мегарданд.

Сарони ду давлат омодагии худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш, аз ҷумла оид ба сохтмону азнавсозии роҳи мошингарди Кулма-Хорӯғ-Кӯлоб-Данғара-Душанбе ва минтақаи озоди тиҷоратию нақлиётӣ дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон таъкид намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи санадҳои миёни Тоҷикистон ва ноҳияи Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баимзорасида оид ба сохтмони нерӯгоҳи обии Нуробод – 1 дар болои дарёи Хингоб, Маркази нави барқу гармидиҳии бо ангишт коркунанда дар шаҳри Душанбе ва корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна дар ояндаи наздик оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба кор дароварда мешаванд.

Бо назардошти нақшаҳои калони ҳамкории иқтисодӣ бунёди Хазинаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Чин зарур шумурда шуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки татбиқи нақшаю барномаҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Чин ба нафъи кулли минтақа ва рушди ҳамкориҳои судманди минтақавӣ буда, ба таҳкими амнияту субот, аз ҷумла дар Афғонистони азиятдида низ мусоидат хоҳад намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили ҳарбӣ- сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ки аз самтҳои асосии ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай аст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии Губернатори вилояти Свердловск Эдуард Россел дар маросими ифтитоҳи расмии Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург иштирок намуда, ба фаъолият шурӯъ кардани онро воситаи хуби густариши ҳамкорӣ бо ин минтақаи Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон маънидод карданд.

Губернатори вилояти Свердловск Эдуард Россел ба меҳнатдӯстӣ ва одобу ахлоқи тоҷикону тоҷикистониён баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки баҳри ба онҳо муҳайё намудани шароити корӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки ба наздикӣ дар шаҳри Екатеринбург як чойхонаи бузурги миллии тоҷикӣ бунёд хоҳад ёфт, то ба наздикшавии бештари халқҳои Тоҷикистону минтақаи Урал мусоидати фаъол намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри доир намудани вохӯрӣ бо намояндагони тоҷикону тоҷикистониёни муқими Русия ба Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал ташриф овард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷо бо эхтирому самимияти зиёд ва омодагии устувор ба ташкили ҳамкории судманд дар самти омодасозии кадрҳои саноати кӯҳии кишвари мо истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал, ки яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимии Русия ба шумор меравад, бо унвони профессори фахрии ин донишгоҳ сарфароз гардонда шуд.

Дар толори маҷлисии ҳамин донишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди намояндагони тоҷикону тоҷикистониёни муқими Русия, ки дар минтақаи Урал ва дигар минтақаҳои ин кишвари паҳновар кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд, мулоқот орост.

Хотиррасон бояд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои худ ба ҳар як кишвари хориҷӣ, ки дар ҳудуди он ҳамватанону ҳамзабонони мо кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, вохӯриҳо гузаронда, баҳри саҳл намудани мушкилоти онҳо чораҳои муассир меандешад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо тоҷикону тоҷикистониёни муқими Русия онҳоро ба саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи Тоҷикистон, ҳифзи асолату ҳувияти миллии худ дар дурӣ аз Ватан, ба дӯстию муттаҳидӣ миёни ҳамдигар ва албатта ба эҳтиром ва риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқии кишвари қабулкунанда ҳидоят намуд.

Баъди анҷоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо як маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб орост, ки беш аз ду соат давом кард.

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.

Сарони ду давлат аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо асосан изҳори қаноатмандӣ карда, густариши минбаъда ва такон додани ҳамкориҳои судманди иқтисодиро зарур шумурданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла баҳри татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаи КАСАРЕМ (хатти 1000-киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон) таъкид намуданд.

Ба пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди миёни ду кишвар ва баромадани Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрӣ тавассути бандарҳои Покистон низ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба авзои минтақавию ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкорӣ баҳри таҳкими амнияту субот дар минтақа сурат гирифт.
Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Екатеринбурги Федратсияи Русия ба кори худ субҳи рӯзи 16 – уми июн шурӯъ намуд.

Дар ҷаласа масоили таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла оид ба мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, як қатор қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Масоили рушди ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла робитаҳои байнибонкӣ ва илмию фарҳангӣ низ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай гашт.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай 10 миллиард доллари амрикоӣ қарз ҷудо мекунад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба Беларус ва Шриланка додани мақоми нозир дар Созмони ҳамкории Шанхайро нишонаи тавсиаи миқёси фаъолияти созмон ва болоравии обурӯю нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ маънидод карда, масъалаи қабул кардани кишварҳои навро ба узвияти ин созмон мавриди пуштибонӣ қарор дод.
Дар охири ҷаласа Эъломияи Екатеринбургии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Баёнияи муштарак аз натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ин созмон ва як зумра санадҳои дигар ба имзо расиданд.

Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчунин Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Раиси Шӯрои директорони Бонки рушди Чин Чен Юан мулоқот намуда, оид ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва маблағгузории сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари мурмаҳсули худ ба шаҳрҳои Маскав ва Екатеринбурги Федератсияи Русия бегоҳии рӯзи 16-уми июн ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520