Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Маҳмуди Аҳмадинажод ба муносибати аз нав ба мақоми Президентии Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуданаш

13.06.2009 19:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҳмуди Аҳмадинажод ба муносибати аз нав ба мақоми Президентии Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуданаш, барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Барои ман мояи ифтихор аст, ки Ҷаноби Олиро ба муносибати пирӯзиашон дар интихоби раёсати ҷумҳурии кишвари дӯст ва бародари Эрон самимона табрик ва муборакбод гӯям. Муҷаддадан ғолиб омадани Шумо дар ин интихоботи шаффоф ва озод, гувоҳи возеҳи пуштибонии мардуми Эрон аз сиёсати Ҷаноби Олӣ дар давраи аввали раёсаташон аст.

Умедворам, ки дар ин раванд муносибатҳои бисёр наздик ва дӯстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон рушду густариши тозае хоҳад ёфт.

Ба ҷаноби Олӣ сиҳату офияти комил, пирӯзиҳои ҷадид ва ба мардуми бародари Эрон рафоҳу осоиш ва пешрафт тамано дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520