Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Сарбанд

09.06.2009 19:00, шаҳри Левакант

Дар шаҳри Сарбанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи орд ва як мактаби нави таҳсилоти умумӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Корхонаи истеҳсоли орди шаҳри Сарбанд аз тарафи Ҷамъияти масуълияташ маҳдуди «Нури Дилшод» роҳбараш Иноят Саидов бо харҷи зиёда аз 600 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ва бо таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 30 ҳазор тонна орд дар як сол мебошад. Дар корхонаи мазкур барои зиёда аз 90 нафар ҷойи кор пешбинӣ шудааст. Айни ҳол дар ин ҷо 48 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари корхона дастур дод, ки дар ҳамин ҷо то 9 сентябри соли 2010 боз яктогӣ сехҳои истеҳсоли макарон, равғанкашӣ ва бастабандии обҳои нӯшокӣ бунёд намуда, барои 150 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё созад.

Мактаби нави таҳсилоти умумии № 13 шаҳри Сарбанд, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супурда шуд, бо харҷи зиёда аз 1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои 200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Шумораи синфхонаҳо 8 адад буда, як тоаш бо компютерҳо муҷаҳҳаз гаштааст. Масоҳати бинои таълимӣ 818 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Синфхонаҳо бо мизу курсӣ, дигар анвои мебел ва ашёи зарурии таълимӣ таҷҳизонида шудаанд.

Илова бар бинои таълимӣ мактаб дорои буғхона барои шабакаи мустақили гармидиҳӣ, анбори хоҷагӣ ва иншооти дигар мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар заминаи ҳамин мактаб як литсей ё гимназияи муосир бунёд карда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520