Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфронси фосилавии видеоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

03.06.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай конфронси фосилавии видеоӣ анҷом доданд.

Чунин сӯҳбат миёни сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон бо пайвастани шабакаҳои телекоммуникатсионии ду давлати дӯсту ҳамсоя аз тариқи хатти нурию нахӣ муяссар гашта, аз оғози фаъолияти ин хатти муосири алоқа расман башорат дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба пиру ҷавони Тоҷикистон ва кулли мардуми дӯсту бародар ва ҳамсояву ҳамзабони Афғонистон пайванди мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии ду кишварро табрику таҳният гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай ин рӯйдодро идомаи сохтмон ва ба истифода додани роҳҳо, пулҳо ва хаттҳои замонавии барқ ва алоқа миёни ду кишвар маънидод карда, аз бартарафшавии тадриҷии ҳамаи монеҳои сунъие, ки миёни ду мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанг тайи даҳсолаҳои гузашта ба миён омада буданд, изҳори хушнудӣ намуданд.

Зимни сӯҳбати видеоӣ миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай ҳамчунин оид ба роҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520