Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ Кнутт Воллебек

02.06.2009 17:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ Кнутт Воллебекро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба риояи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар Тоҷикистон дар баробари миллати таҳҷоӣ – тоҷикон, ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, намояндагони қариб 120 миллату халқият зиндагӣ доранд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки меъёрҳои баробарҳуқуқии ақаллиятҳои миллӣ дар ҷомеа пурра риоя карда мешаванд ва ба маҳдудкунӣ аз рўи мансубият ба миллату нажод роҳ дода намешавад.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаи пурсиши иҷтимоии Маркази иттилоотию аналитикии «Ҷамъият дар пешрафт» оид ба ин мавзўъ ёдоварӣ карда шуд, ки мутобиқи он 81,6 дар сади мусоҳибон муносибатҳои миёни тоҷикон ва ақаллиятҳои миллии Тоҷикистонро дўстона номидаанд.

Кнутт Воллебек изҳор дошт, ки Комиссарати Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ омодааст ба намояндагони миллатҳои камшумори Тоҷикистон баҳри дастрасии бештарашон ба таҳсилот бо забони модарӣ ва ҳамчунин барои хубтар омўхтани забони давлатӣ кўмак расонад.

Ба гуфти Кнутт Воллебек, Комиссарати Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ ҳамчунин вазъи риояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои намояндагони миллати тоҷикро дар дигар кишварҳо мавриди омўзиш қарор додааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520