Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи се иншооти муҳими иҷтимоӣ

02.06.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе се иншооти муҳими иҷтимоӣ ифтитоҳ ёфт.

Ифтитоҳ ёфтани се иншооти муҳим - биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ, мактаби нав ва бинои зебою замонавии маркази тиҷоратиро дар воқеъ метавон аз қадамҳои навбатӣ дар ҷавобгӯ намудани симои кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба талаботи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба фарҳанги пойтахтсозию пойтахтдорӣ маънидод кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи барвақт нахуст ба маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои пойтахт ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани як мактаби нави замонавӣ, ки барои 1200 хонанда пешбинӣ шудааст, иштирок намуд.

Зимни суханронӣ дар саҳни ҳавлии мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат ба соҳаи маориф, аз ҷумла баҳри сохтмони мактабҳои замонавӣ, интернатҳо ва литсейю гимназияҳои махсус ёдовар шуда, хонандагонро ба хониши аъло, омӯзиши амиқи илмҳои зарурӣ ва соҳиби касбу ҳунар шудан ҳидоят намуд.

Дар даромадгоҳи мактаб таваҷҷӯҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро воситаҳои техникии таълими фосилавӣ ба худ ҷалб намуд. Дар ин ҷо тавассути алоқаи интернетию видеотелефонӣ хонандагон бо омӯзгорону донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла Японияву Амрико сӯҳбат мекарданд. Президенти мамлакат ҳам бо як донишҷӯи тоҷик, ки дар Япония таҳсили илм мекунад ва бо сокинони шаҳри Болдери Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар чойхонаи тоҷикӣ ҷамъ омада буданд, ҳамсӯҳбат шуд. Хотиррасон бояд кард, ки шаҳри Болдер бо пойтахти Тоҷикистон бародаршаҳр мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар мактаб, аз ҷумла зикр гардид, ки он дар майдони 1, 16 гектар бо харҷи қариб 8 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, аз 3 бинои дуошёна иборат аст. Дар он барои хонандагон 23 синфхона, аз ҷумла як синфхонаи муосири компютерӣ омода гаштааст. Толори варзишӣ, маҷлисгоҳи васеъ ва ошхона низ мутобиқ ба талаботи имрӯзаи мактабсозӣ бунёд ёфтаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа баҳри боз ҳам беҳтару замонавӣ муҳайё намудани шароити таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас дастуру ҳидоятҳо дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки барои кадрҳои соҳибтахассуси оянда донистани ду забони хориҷӣ ҳатмӣ аст.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт 6 бинои 9 - қабатаи истиқоматӣ ба истифода супурда шуд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо саҳмгузории шаҳрвандон бунёд ёфтаанд.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо шароити зисти онҳо, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар 6 бинои 9 - қабата 336 хонаи 1, 2, 3 ва 4 - ҳуҷрагӣ омодаи қабули сокинон мебошанд. Бо мақсади бештар оилаҳои ҷавонро соҳиби хона кардан шумораи зиёди хонаҳо, яъне 183 тоаш 2 - ҳуҷрагӣ мебошанд. Ҳамчунин 69 хонаи 3 - ҳуҷрагӣ ва 57 то 4 - ҳуҷрагӣ ва 24 хонаи 1 – ҳуҷрагӣ мавҷуд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои сохтмонӣ дар биноҳои истиқоматӣ изҳори норозигӣ карда, таъкид намуд, ки минбаъд ҳам лоиҳасозӣ ва ҳам сохтмони биноҳо бо сифати баланди замонавӣ анҷом дода шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми суханронӣ ба шумораи зиёди сокинони биноҳои нави истиқоматӣ манзилнома ва тӯҳфаҳо тақдим намуд. Хотиррасон бояд кард, ки аксари ин нафарон онҳое мебошанд, ки бо сабаби аз маҳаллаи Буни Ҳисорак кӯчонда шуданашон аз ҳисоби давлат бо хонаҳои бепул таъмин карда мешаванд. Дар ҷойи маҳаллаи онҳо бошад, биноҳои нави Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бунёд меёбанд.

Иншооти нави сеюм, ки имрӯз дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, низ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфта, ба ин гӯшаи зебоманзари шаҳри Душанбе ҳусни нав зам намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити дар ин бино бунёдёфта хушнуд гашта, ба саҳмгузорони он арзи сипос намуд.

Ин бинои 6 қабата - маркази хизматрасонӣ бо номи «Пойтахт» аст, ки дар зарфи беш аз як соли охир бо харҷи 22 миллион сомонӣ дар масоҳати 9 944 метр 2 сохта шудааст ва дар он 600 ҷойи корӣ муҳаё аст. Дар вақти сохтмони бино дар ин ҷо 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуда будааст.

Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки қабатҳои поёнии бино барои нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти саноатии корхонаҳои ватанӣ, аз қабили маҳсулоти бофандагӣ, дӯзандагӣ, заргарӣ, сангҳои рангаю ороишӣ, маводи хӯрока, дорувории сохти ватанӣ, ки аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон омода гаштаанд ва ҳамчунин маҷаллаю рӯзнома, китобҳо ва асбобу анҷоми мактабии хонандагон пешбинӣ шудаанд.

Қабатҳои болоӣ барои ҷой додани дафтарҳои кории ширкатҳои дохилию хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин барои тарабхонаю қаҳвахона омода гаштаанд. Дар таҳхонаи бино шароити зарурӣ барои хизматрасониҳои маишӣ муҳайё мегардад. Дар назди бино барои 100 мошин истгоҳ мавҷуд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдори давлатӣ баҳри ташвиқи бештари соҳибкорони ватанӣ ба рушди истеҳсолоти саноатӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини коркарди васеи неъматҳои табиати Тоҷикистон, аз қабили сангҳою металҳои қиматбаҳо, сангҳои ороишии сохтмонӣ, обу гиёҳҳои шифобахш ва рушди ҳунармандии мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, заргарӣ, зардӯзӣ ва ғайра дастуру ҳидоятҳо дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо хушнудӣ аз омода гаштани ин бинои зебои муосир ҳамчунин ба роҳбари ширкати Ёқут маслиҳат дод, ки то ҷашни 20 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон як корхонаи пойафзолдӯзӣ бо 300 ҷойи корӣ бунёд намояд ва роҳбари корхонаи қаннодии Ширин ӯҳдадор шуд, ки дар ҳамин мӯҳлат ба корхонааш технологияҳои навтарин ворид намуда, шумораи коргаронро аз 160 нафари ҳозира ба 350 кас расонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520