Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба 10 - солагии таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовар

30.05.2009 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба 10 - солагии таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовар иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми арзандаи Агентии назорати маводи нашъаовар дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди хатари ҷиддии глобалӣ - муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ёдовар шуда, ҳамаи кормандони агентиро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри пурзӯр намудани муборизаи байналмилалӣ бар зидди ин хатари глобалӣ як қатор пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.

Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки то соли 2010 таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид Барномаи ягонаи мубориза бар зидди муомилоти маводи мухаддир та?ия карда шуда, бо иштироки давлатҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ Конфронси байналмилалӣ баргузор гардад ва соли 2011-ум Соли байналмилалии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир эълон карда шавад.

«Тоҷикистон аз ҷониби худ омода аст, ки илова ба андешидани чораҳои қатъии мубориза бар зидди маводи мухаддир ширкаткунандагони конфронси пешниҳодшударо дар пойтахти худ – шаҳри Душанбе пазироӣ намояд», изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520