Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ минбаъд дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад

30.05.2009 19:00

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар саҳифаи нав боз намуд.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарони ду давлат ба қарор омаданд, ки зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ минбаъд ҳар сол 30 – юми сентябр дар зодгоҳаш - Тоҷикистон ҷашн гирифта шавад ва ҷашни Шаби арӯс, яъне чорабиниҳои вобаста ба ашъору афъоли ин мутафаккири бузург 17 - уми декабри ҳар сол дар шаҳри Кунияи Ҷумҳурии Туркия – шаҳре, ки дар он оромгоҳи ӯ қарор дорад, таҷлил карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520