Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Гуфтугӯйи сиёсии минтақавӣ миёни Тройкаи Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Марат Тажинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.
Аз иштироки васеи ширкатҳои казоқистонӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ баҳри пайвастани хатҳои интиқоли барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди Тоҷикистону Қазоқистон аз тариқи Қирғизистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ин тадбирҳо метавонанд ба болоравии ҳамкории иқтисодии се кишвар ва ҷалби бештари Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳамгироии минтақавӣ мусоидат намоянд.
Зимни сӯҳбати ошкоро оид ба татбиқи санадҳои ҳамкории миёни ду кишвар баимзорасида, бартараф намудани мушкилоти ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.