Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 26 январи соли 2022 №5
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми вазири
кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мирзозода М.Б.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзозода Музафар Бурҳон муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.



Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 

МАЪЛУМОТНОМА

 

МИРЗОЗОДА Музафар Бурҳон

аз  14  феврали соли 2020 дар вазифаи  муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   10 октябри соли 1970 Ҷои таваллуд   ноҳияи  Муъминобод   

Миллат     тоҷик                                     Маълумот         олӣ

соли  1993 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон,

соли 2014 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисосаш   зооинженер, иқтисодчӣ     

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ

Вакили халқ ҳаст ё не    нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не    не        

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1987-1988

Коргари совхози «Аврора», ноҳияи Муъминобод

Солҳои 1988-1993

Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур

09-12 соли 1993

Бригадири ферма ва духтури ҳайвоноти совхози «Аврора», ноҳияи Муъминобод

Солҳои 1993-1998

Зоотехники зоотпарварии Ассотссиатсияи иҷоракорони «Навбаҳор», ноҳияи Муъминобод

Солҳои 1998-2003

Сарзоотехники зоотпарварии Ассотсиатсияи иҷоракорони «Навбаҳор», ноҳияи Муъминобод

Солҳои 2003-2007

Сардори шӯъбаи зоотпарварии идораи чорводории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2008

Сардори Раёсати чорводорӣ, парранадапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2008-2015

Сардори Раёсати чорводорӣ, парранадапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2015-2020

Сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2020-2022

Муовини  Вазири  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520