Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони
вилояти Суғд таъин намудани Муинӣ М.М.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муинӣ Мавсума Муинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№324

 

 

МАЪЛУМОТНОМА

МУИНӢ Мавсума  Муинзода

аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бӯстон кор мекунад

Соли таваллуд   8 октябри соли 1981        Ҷои таваллуд   шаҳри Хуҷанд

Миллат   тоҷик                                                 Маълумот    олӣ

    соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, 

    соли 2019 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос      ҳуқуқшинос, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо

Унвони илмӣ     номзади илмҳои таърих

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, форсии дарӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не      соли 2015 Медали «Хизмати шоиста»

Вазъи оилавӣ   оиладор, соҳиби ду фарзанд.

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1998-2003

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2016 – 2019

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2007-2011

Аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (шӯъбаи ғоибона), шаҳри Хуҷанд;

Солҳои 2003 – 2004

Ассистенти кафедраи ҳуқук ва мурофиаи ҷиноятии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд;

Солҳои 2004 - 2006

Ассистенти кафедраи ҳуқуки ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд;

Солҳои 2006 – 2007

Ассистенти кафедраи ҳукуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд;

Солҳои 2007 -2009

Омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика, сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд;

Солҳои 2009-2014

Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2014 - 2017

Муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2017-2022

Муовини раиси шаҳри Душанбе

аз январи соли

2022 то имрӯз

иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520