Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сафирони як қатор давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ

27.07.2012 19:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафирони кишварҳои Фаронса, Британияи Кабир, Олмон, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кордори муваққатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доир ба вазъи кунунии шаҳри Хоруғ ва роҳҳои ҳалли қазияи бамиёномада гуфтугӯ сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои қотеъ изҳор дошт, ки ҳадафи амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷиноятпеша, пеш аз ҳама қотилони Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулло Назаров мебошад.

Дар ин робита ахбори муфассали Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров шунида шуд.

Дар мавриди амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хоруғ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дошт: «Тамоми чораҳо андешида мешаванд, то ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ силоҳ бар замин гузоранд ва ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ итоат намоянд».

Дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ дар навбати худ изҳор доштанд, ки онҳо зарурати гузаронидани амалиёти зидди гурӯҳҳои ҷиноятиро хуб мефаҳманд ва изҳори умед карданд, ки амну оромии аҳолии осоишта таъмин карда хоҳад шуд ва тафтишоти аъмоли нафарони дастгиршуда мунсифона ва бо риояи қонунҳои миллию байналмилалӣ сурат мегирад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520