Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Ваҳдат таъин намудани
Исмоилзода М.И.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Исмоилзода Мирзо Иброҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№338

 

     МАЪЛУМОТНОМА

 

ИСМОИЛЗОДА Мирзо Иброҳим

аз 27 январи соли 2022  дар мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат кор мекунад

Соли таваллуд     11 марти соли 1967         Ҷои таваллуд        шаҳри Кӯлоб

Миллат          тоҷик                                      Таҳсилот           олӣ

Соли 1991 Институти политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос      инженер – электрик

Кадом забонҳои хориҷиро медонад             русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не             не

Вазъи оилавӣ               оиладор

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1983 – 1984

Барқчии гурӯҳи якуми озмоишгоҳи истеҳсолии Шабакаҳои барқии Кӯлоб

Солҳои 1984 – 1985

Донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1985 – 1987

Хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, Латвия

Солҳои 1987 – 1991

Донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1991 – 1995

Муҳандиси умури хадамоти дифои релегӣ ва автоматикаи Шабакаҳои барқии Кӯлоб

Солҳои 1995 – 1998

Нозири барқи Энергоинспектсияи Энергонадзори гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб

Солҳои 1998 – 2002

Муовини Раиси фирмаи таъмиру сохтмони «Барқ», шаҳри Кӯлоб

Солҳои 2002 – 2008

Сармуҳандиси Муассисаи фурӯши барқи минтақаи Қурғонтеппа

Солҳои  2008-2014

Директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии Кӯлоб» -и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»

Солҳои 2014-2015

Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»

Солҳои 2015-2022

Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»

                         

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520