Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Роғун таъин намудани
Саидзода С.

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Саидзода Сунъатулло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№339

 

 

 

МАЪЛУМОТНОМА 

 

САИДЗОДА СУНЪАТУЛЛО

аз 27 январи соли 2022 дар мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун кор мекунад.

Соли таваллуд: 26 марти соли1967           Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара                                                                            

Миллат: тоҷик                                           Таҳсилот: Олӣ

Соли 1991 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро  хатм кардааст.

Ихтисос: муҳандис  - механик

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъоляити собиқа:

 

Солҳои 1984 – 1991

Донишҷӯи факултети механикунонии хаҷагии қишлоқи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 1986 – 1988         

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ

Солҳои 1991 – 1992 

Таъмирчии парки трактории хоҷагии советии ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара

Солҳои 1992 – 1993

Мудири амбори қисмҳои эҳтиётии Хоҷагии советии ба  номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара

Солҳои 1993 – 1999

Мудири амбори сӯзишвории Хоҷагии советии ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара

Солҳои 1999 – 2002             

Мудири амбори марказии №1 – и Хоҷагии советии ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара

Солҳои 2002-2004

Муҳандиси соҳавии Хоҷагии советии ба номи  В.И. Ленини ноҳияи Данғара

Солҳои 2004 - 2005              

Молшиноси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Континенталкоттон»

Соли 2005-(02-12)             

Муҳосиби қитъаи пахтақабулкунии хоҷагии деҳқонии ба номи Лангари Лангариевичи ноҳияи Восеъ

Солҳои 2006 – 2010              

Муовини директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бахт – 82»

Соли  2010 (07-10)             

Мутахассиси дараҷаи якуми Шӯъбаи робитаҳои хориҷӣ ва такмили КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»

Солҳои 2010 – 2015

Муҳандиси пешбарии Шӯъбаи робитаҳои иқтисодии  хориҷӣ ва такмили КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»

Солҳои 2015-2019              

Сардори Шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва такмили КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»

Солҳои 2019-2020

мудири бахши истифодабарии техникӣ, таъмир ва хизматрасонии коммуналии раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон

Солҳои 2020-2022

муовини сардори раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520