Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 27 январи соли 2022 №13
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
таъин намудани Қурбонзода А.А.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонзода Абдулло Абдураҳим муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин карда шавад.



Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

МАЪЛУМОТНОМА

ҚУРБОНЗОДА  Абдулло Абдураҳим

аз 27 январи соли 2022  дар вазифаи  муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»  кор мекунад

Соли таваллуд   7 январи соли 1965          Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара

Миллат   тоҷик                                            Маълумот              олӣ

соли 1985 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос     муҳандис-барқчӣ 

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, франсавӣ бо луғат

Вакили халқ ҳаст ё не   нест 

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не      не

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1980-1985

Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1985-1987

Муҳандиси барқи КСМ-38 трести «Данғараводстрой»,  ноҳияи Данғара  

Солҳои 1987-1992

Сармуҳандиси Раёсати АМС ва савдои №14, ноҳияи Фархор

Солҳои 1992-1995

Муовини директори Корхонаи хурди «Фирдавс»-и назди нашриёти «Ирфон», шаҳри Душанбе

Солҳои 1995-1996

Мутахассиси Раёсати таъминоти моддию техникӣ ва сохтмони асосии Вазорати фарҳанг ва иттилоотӣ

Солҳои 1996-2000

Сармуҳандиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино»,  шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2001

Муовини сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Торгмаш», шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2002

Устои калони озмоишгоҳи хадамоти фурӯши барқ ва таъмири асбобҳои ченаки ШСХК «Барқи Тоҷик»

Солҳои 2002-2006

Сардори сехи истифодабарӣ ва таъмири асбобҳои ченакии Раёсати «Фурӯши барқ»-и ШСХК «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2007

Сардори Департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2010

Сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2014

Муовини Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2014-2015

Сармуҳандиси, муовини сардори Раёсати «Фурӯши барқ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик»

04-11 соли 2015

Менеҷер оид ба тиҷорати Департаменти «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2015-2021

Сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва зихираҳои об

Солҳои 2021-2022

Муовини сардори Департаменти «Неругоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520