ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №14
ш. Душанбе
Дар бораи директори генералии Корхонаи воҳиди
давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
таъин намудани Давлатзода У.Г.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Усмон Гул директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
МАЪЛУМОТНОМА
ДАВЛАТЗОДА Усмон Гул
аз 27 январи соли 2022 дар мансаби директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кор мекунад.
Соли таваллуд 16 январи соли 1968 Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 1992 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро хатм кардааст.
Ихтисос муҳандисӣ-сохтмонӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1985-1992- |
Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ |
Солҳои 1984-1985 |
Савдогар дар мағозаи №5 ноҳияи Данғара |
Солҳои 1986-1988 |
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ |
Солҳои 1992-1993 |
Васлгари дараҷаи 5 дар заводи оҳану-бетони шаҳри Норак |
Солҳои 1993-1995 |
Муҳандис дар шуъбаи банақшагирии заводи оҳану бетони Норак |
Солҳои 1995-1998 |
Иқтисодчӣ дар шуъбаи банақшагирии заводи оҳану-битони шаҳри Норак |
Солҳои- 04.02.1998 |
Устои сехи №1 заводи оҳану-битони шаҳри Норак |
Солҳои- 04.02.1998 |
Устои қисми ИССО дар КВС-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара |
Солҳои 1999-2001 |
Сардори сех дар корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара |
Солҳои 2001-2003 |
Муҳандис дар корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара |
Солҳои 2003-2005 |
Муовини директори корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара |
Солҳои 2005-2007 |
Сармутахассиси шуъбаи хизматрасони ва протоколии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2007-2008 |
Сармутахассиси Маҷмуи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2008-2009 |
Директори ҶДММ-и «Мутахассис» |
Солҳои 2009-2010 |
Муҳандиси шуъбаи инженерӣ-техникӣ дар Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2010-2016 |
Сардори шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ дар Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2016-2017 |
Директори ҶДММ_и «Мутахассис» |
Солҳои 2017-2018 |
Мухассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе |
Солҳои 2018-2021 |
Сардори Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии шаҳри Душанбе |
Солҳои 2021-2022 |
Сардори Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе |