Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия

29.05.2009 20:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул дар Форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия, ки субҳи имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаёт реҷенси» оғоз ёфта буд, иштирок намуданд.

Месазад таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гулро дар ин сафар дар баробари ҳайати калони ҳукуматию парлумонӣ беш аз 150 нафар соҳибкорону тоҷирони соҳибнуфузи кишвараш ҳамроҳӣ мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул аз имконоти васеи ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар ёдовар шуда, соҳибкорону тоҷирони туркиро ба сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд даъват намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар форум бо қаноатмандӣ аз афзоиши шумораи кишварҳои хориҷие, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ доранд, ёдовар шуда, соҳибкорону тоҷирони Туркияро низ ба ҳамкории аз имрӯза бештар даъват намуд. Таъкид гардид, ки «мубодилаи мол бо кишварҳои хориҷӣ дар панҷ соли охир ҳудуди дуюним маротиба боло рафт. Ҳаҷми гардиши савдои мутақобил бо Ҷумҳурии Туркия бошад, дар ҳамин давра қариб 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод».

Зикр гардид, ки имкону захираҳои ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, саноати сабук, кишоварзӣ, сохтмон ва ғайра хеле фаровонанд.

Соҳибкорону тоҷирони туркӣ бо назардошти имконоти васеъ бештар ба иштирок дар бунёди нерӯгоҳҳи обӣ ва корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди нахи пахта, пила, пашму пӯст, меваю сабзавот ва сангҳою металҳои қиматбаҳо мароқ зоҳир намуданд. Иштирок дар сохтмони роҳҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ ва иншооти марбут ба туризм низ барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ гардид.

Ширкатҳои Туркия метавонанд дар сохтмони биноҳо, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрока бо назардошти мавҷудияти имконият ва талабот ба ин маҳсулот фаъолияти имрӯзаи худро дар кишвари мо боз ҳам тақвият бахшанд.

Баъди иштирок дар форуми мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ҳамчунин аз литсейи тоҷикии туркии ба номи ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе дидан карда, аз сатҳи баланди донишу малакаи хонандагони он изҳори хушнудӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520