Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

29.05.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам намояндагони
воситаҳои ахбори умум,
Дӯстони азиз,

Мо аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти муфассал ва судманд бо Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Туркия Ҷаноби Олӣ Абдулло Гул изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Тоҷикистону Туркия чун шарикони боэътимод дар фазои анъанавии дӯстона ва ҳусни тафоҳум масъалаҳои дарёфти роҳҳо ва василаҳои муассири густаришу тақвияти ҳамкории васеи судмандро барраси намуданд.

Дар ин росто ба масоили ҳамкории босамар ва сатҳи имрӯзии иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хос сурат гирифт. Мо бар онем, ки ҳамкории иқтисодии мо имконот ва захираҳои ниҳоят зиёд дорад ва мо қодирем онҳоро ба нафъи ҳарду кишвар ва сатҳи нави ҳамкории минтақавӣ истифода намоем.

Мо самтҳо ва соҳаҳои дигари ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, зарурати густариши онҳоро таъкид намудем. Кори самараноки Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои корӣ, ки дар чаҳорчӯби сафари мазкур ҷаласаи худро доир менамояд, махсус қайд гардид.

Дар доираи Комиссия мувофиқа шудааст, ки соли равон ҳайати ширкатҳои пудратии Туркия ба кишвари мо ташриф меоранд ва инчунин нимаи аввали соли оянда намоишгоҳи молҳои содиротии Туркия дар Тоҷикистон баргузор хохад гашт.

?амчунин як қатор лоиҳаҳои ҷолиби таваҷҷӯҳи тарафайн дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, саноати сабук, туризм, кишоварзӣ, нақлиёт баррасӣ шудаанд ва чора?ои мушаххаси амалигардонии он?о аз ҷониби коршиносони ду ҷониб мавриди баррасӣ ва иҷро қарор хоҳанд гирифт.

?арор шуд, ки Туркия бо истифода аз таҷрибаи ғании худ барои воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва ташкили минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон кӯмаки техникӣ хоҳад расонид. Хулоса, мо нақшаҳои калон дорем ва баҳри татбиқи онҳо кӯшиши зарурӣ ба харҷ медиҳем.

Дар ҷараёни мулоқоту музокирот инчунин масоили муҳими минтақавӣ, қабл аз ҳама қазияҳои маълуми сиёсӣ баррасӣ шуданд. Мо ҷонибдори онем, ки дар ин марҳалаи ҳассос ҳамаи давлатҳо масъулона ва ниҳоят санҷида амал намоянд.

Бояд махсус таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Туркия дар мавриди масъалаҳои амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ назари муштарак ва ё наздик бо ҳам доранд.

Мо мубориза бо ду хатари ҷиддӣ, яъне терроризми глобалӣ ва қочоқи маводи мухадирро ба нафъи субот, амният ва пешрафти минтақа медонем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариши пайгири равобит ва ҳамкории минтақаҳои таърихан пайванд мебошад.

Ҳар ду ҷониб зарурати ҳамкории босамартари кишварҳои мусулмонро таъкид намуданд.

Масоили муҳими ҷаҳонӣ низ баррасӣ шуданд. Мо тақвият ва таҳкими низоми байналмилалиро бар асоси усули меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид ниёзи аслии башарият медонем.

Изҳори итминон менамоям, ки сафари Ҷаноби Олӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дустонаи ду кишвар такони тозае мебахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520