Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Матарелла

01.02.2022 14:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Матарелла барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Италия табрику муборакбод мегӯям.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар пешбурди ваколатҳои пурмасъулиятатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Италия сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам.

Мо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Италия изҳори қаноатмандӣ менамоем ва алоқаманди густаришу тавсеаи ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Зимнан омодаем, ки ҷиҳати пешбурди минбаъдаи ин раванд дар сатҳҳои мухталиф, бахусус олӣ ва баланд кӯшишҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳем.

 Итминон дорам, ки робитаҳои шарикии созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳар ду ҷониб дар оянда низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520