Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Бонки миллии Швейтсария Жан Пйер Ротт

27.05.2009 17:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси Бонки миллии Швейтсария Жан Пйер Роттро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Швейтсарияро муҳимтарин кишвари мададрасони Тоҷикистон номида, аз ҷумла изҳор дошт: «Мо аз Ҳукумати Швейтсария барои татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳим дар Тоҷикистон сипосгузорем ва манфиатдорем, ки муносибатҳои судманди ду кишвар боз ҳам таҳкиму густариш ёбанд».

Жан Пйер Ротт изҳор дошт, ки Тоҷикистону Швейтсария ба як гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ шомиланд ва пайваста аз манфиатҳои ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии Швейтсария оид ба рушди инфрасохтор, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, кам кардани хатари офатҳои табиӣ, идораи захираҳои обӣ, рушди бахши хусусию созмонҳои ҷамъиятӣ ва низоми қарздиҳии хурд лоиҳаҳои зиёди судманд амалӣ мешаванд.

Ба нақши Бонки миллии Швейтсария дар омодасозии кадрҳои соҳаи бонкӣ, такмил додани сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ва расондани кӯмакҳои техникӣ баҳои баланд дода шуд.

Гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкорӣ баҳри кам кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва дастгирӣ аз тадбирҳои зиддибӯҳронии ҳукумати мамлакат ва Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирифт.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520