Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахметов

27.05.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахметовро, ки бо сафари расмии дурӯза ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу мазмуни ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти давлати Қазоқистон барои кӯмакҳои зиёди бародарона, аз ҷумла ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Гуфтугӯйи судманд оид ба зарурати густариши ҳамкориҳо дар омодасозии кадрҳо, мубодилаи таҷрибаю иттилоот дар мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он гуфутугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520