Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи мебелбарории ҶДММ “Ситораи Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

08.02.2022 11:20, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи корхонаи мебелбарории ҶДММ “Ситораи Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  08.02.2022

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи мебелбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи Суғд”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат” солҳои 2022-2026 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фурқат Дадабоев бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истеҳсолӣ 30 нафар, аз ҷумла бонувони  маҳаллӣ бо шароити хуби корӣ  ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Масоҳати умумии иншооти нави саноатӣ 1,5 гектарро дар бар гирифта, биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳои маҳсулоти хому тайёри он дар майдони 1100 метри мураббаъ қомат афрохтааст.

Дар корхона намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла мизу курсӣ, роҳаткурсӣ, рахти хоб ва ҷевон бо сифати баланд истеҳсол карда мешавад.

Дастгоҳу таҷҳизоти васлгардида дар корхонаи мазкур аз давлатҳои Чин ва Туркия ворид гардида, онро мутахассисони маҳаллӣ идора мекунанд.

Ашёи хом барои истеҳсоли мебел, аз ҷумла ДСП, МДФ, ЛДСП ва ФАРНИТУРА аз Федератсияи Русия ва Туркия дастрас гардида, дар асоси фармоиш ва завқу салиқаи мизоҷон бо шаклу андоза ва дизайни муосир маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот омода карда мешавад.

Корхона имкон дорад, ки бо истифода аз муосиртарин дастгоҳҳо дар раванди истеҳсоли мебел дар як моҳ 1000 метри мураббаъ ЛДСП ва МДФ-ро коркард намояд.   

Истеҳсолоти корхона дар марҳилаи аввал барои таъмини бозори дохилӣ равона гардида, масъулон дар асоси дастуру маслиҳатҳои Сарвари давлат иқдом гирифтаанд, ки бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520