Бегоҳии имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ сафирони давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории 17 –солаи Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ба он аз номи мардуми кишвар барои кӯмакҳои зиёди дар солҳои вазнини гузашта расондааш арзи сипос намуд. Ба Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо табдил ёфтани Маркази он дар шаҳри Душанберо Сарвари давлат лаҳзаи гузариш аз як давра ба давраи дигари ҳамкорӣ маънидод карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки «ин бозгӯ аз дурнамои умедбахши муносибатҳои мо аст».
Сафирон нақши Тоҷикистонро дар таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар идораи муносибатҳои сарҳадӣ басо муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз ҳамаи тадбиру ташаббусҳои накуи ин кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дастгирӣ мекунад.
Ифтитоҳи Коллеҷи фармондеҳии сарҳадии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, натиҷаи муҳими ҳамкории босамари ду ҷониб маънидод гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкориҳо дар самтҳои демократикунонии ҷомеа, аз мина ва дигар моддаҳои тарканда тоза кардани ҳудуди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва оид ба авзои кунунию дурнамои рушди Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.