Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден

19.02.2022 13:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии маро ба муносибати санаи хотирмон дар таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 30-юмин солгарди барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон бипазиред.

Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки дар қатори аввалинҳо истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлати моро эътироф намуда буд, имрӯз шарики муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Мо аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории фарогири кишварҳоямон, ки соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятиро дар бар мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем.

Омодаем, ки ҷиҳати густаришу тавсеаи бемайлони муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар ва бештар ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо бо ҷанбаҳои нави амалӣ минбаъд низ иқдомҳои муштаракро дар сатҳҳои мухталиф роҳандозӣ намоем.

Бо ибрози таманниёти беҳтарин, ба ҷаноби Президент сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Амрико пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ман ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти самимии худро ирсол менамоям.

Дар тӯли ин 30 сол мо барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намудем.

Дар раванди идомаи ҳамкориҳо мо ҳадафҳои умумии амниятии худро, аз ҷумла дар самти шарикии муассир дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, инчунин дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, тағйирёбии иқлим ва энергетика, волоияти қонун, амният ва робитаҳои байни одамон пеш хоҳем бурд. Шарикии мо ба шукуфоии бештар, амният ва адолат барои ҷомеаҳои мо ва тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, чун ҳарвақта, ба мардуми Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишвари Шумо содиқ мемонад».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520