Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 21 феврали соли 2022 №37
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми вазири
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷӯразода Ҷ.Ҳ.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.



Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 

ҶӮРАЗОДА Ҷамшед Ҳабибулло

аз 21 феврали соли 2022 дар вазифаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд     15 июни соли 1971           Ҷои таваллуд  шаҳри Хуҷанд

Миллат      тоҷик                                             Таҳсилот    олӣ

Соли 1993 Институти ордени «Нишони Фахрӣ»-дори давлатии педагогии Хуҷандро хатм кардааст

Ихтисос      таърих ва педагогика  

Дараҷаи илмӣ  номзади илмҳои таърих, соли 2002, доктори илмҳои таърих, соли 2015

Унвони илмӣ дотсент, соли 2013, профессор 2016

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси  вакилони халқ ҳаст ё не  Вакили Маҷлиси вакилони Халқи вилояти Суғд  (даъвати панҷум), аз соли 2016 Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   

*Вазъи оилавӣ   оиладор

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1993-1995-

Ассистенти кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Солҳои 1995-1998-

Аспиранти шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДХ  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Солҳои 1997-2000-

Ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Солҳои 2000-2003-

Мудири шӯъбаи корҳои иҷтимоӣ-маданӣ, алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва робитаҳои байналмилалии Ҳукумати ш. Хуҷанд

Солҳои 2003-2005-

Муовини мудири шӯъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байнимиллии Ҳукумати вилояти Суғд

Солҳои 2005-2006-

Декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Солҳои 2006-2009-

Ноиби ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Солҳои 2009-2012-

Декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон   

Солҳои 2012-2017-

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон   

Cолҳои 2017-2022

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520