Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳоҷӣ Алии Акбари

18.05.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раиси Созмони миллии ҷавонони ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбариро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки ташрифи Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ ба Тоҷикистон ба раванди ҷустуҷӯ ва дарёфти ҷанбаҳои нави ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари бародар такон мебахшад ва таъкид намуд: «мо ин равандро амри зарурӣ мешуморем, зеро Эрон табиатан шарики стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад».

Ҷонибҳо аз рафти шарикии стратегии ду кишвар дар соҳаи нақбсозӣ ва бунёди нерӯгоҳи обии Сангтӯда - иҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон арзи боварӣ ба он карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот, соҳибкорӣ, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ ва дар дигар самтҳои дорои имкону захираҳои фаровон низ таҳкиму густариш меёбанд.

Зимни сӯҳбат зарурати таҳия ва татбиқи барномаи яксола ё худ сесолаи ҳамкории мақомоти марбутаи соҳаи ҷавонони Тоҷикистону Эрон мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520