Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори иҷрокунандаи Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Мишел Мордасини

14.05.2009 17:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷрокунандаи Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Мишел Мордасиниро, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария Тоҷикистонро дар Бонки умумиҷаҳонӣ намояндагӣ мекунад, ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Мишел Мордасини ва Ҳукумати Швейтсария барои намояндагии Тоҷикистон дар Бонки умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ва ҳамчунин баҳри дастгириҳои зиёди молиявию техникӣ аз ҷониби давлати Швейтсария арзи сипос намуд.

Дар мулоқот оид ба дастгирии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва натиҷаҳои мулоқот бо намояндагони созмону кишварҳои мададрасон, ки дирӯз баргузор гашт, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Аз натиҷаи мулоқоти роҳбарони сохторҳои дахлдори Тоҷикистон бо намояндагони созмонҳою кишварҳои мададрасон, ки мутобиқи он кӯмакҳои иловагии молиявию техникии зиёд барои татбиқи амалии барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷудо гарданд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рафти ислоҳоти иқтисодӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хусусӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва албатта доир ба азхуднамоии захираҳои фаровони обию энергетикии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ гуфтугӯ намуданд.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520