Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати вакилони Парламенти Аврупо

22.02.2022 17:37, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо ҳайати вакилони Парламенти Аврупо  22.02.2022

22 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парламенти Аврупоро бо роҳбарии Давид Макаллистер ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мавқеи хосаи Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни рушду тавсеа ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву фарҳангӣ, инчунин, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо нақши Парламентҳоро дар рушду тавсеаи муносибот муҳим арзёбӣ карда, аз саҳми назарраси Комиссия ва Кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо дар раванди тақвияти ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо ёдовар шуданд.

Сарвари давлат дастгирии Тоҷикистонро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар давраи авҷи пандемия қадрдонӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи амниятро баррасӣ карда, оид ба истифодаи имконоти васеи ҳамкории судманд дар соҳаҳои мухталифи тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ табодули андеша намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” аҳаммияти хосса зоҳир карданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин, вазъияти имрӯзаи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи дигар масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ, баррасӣ гардида, идомаи шарикии ҷонибҳо дар чорчӯбаи барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520