Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов

14.05.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбати Сарвари давлат бо Юрий Попов, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

«Дар маҷмӯъ мо аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия қаноатмандем, зеро солҳои охир корҳои зиёд ба анҷом расидаанд», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни сӯҳбати ошкоро беш аз ҳама аз сатҳ ва мазмуни ҳамгироиҳои миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, илму маориф ва фарҳанг қаноатмандӣ зоҳир гардид.

Ҳамкориҳои энергетикии ду кишвар аз самтҳои стратегии муносибатҳои Тоҷикистону Русия маънидод шуд ва таъкид гардид, ки таҷриба ва робитаҳои судманди дар сохтмони муштараки нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 бадастомада бояд дар бунёди дигар нерӯгоҳҳои обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти татбиқи баъзе санадҳои ҳамкории дуҷониба изҳори норозигӣ карда, таъкид дошт, ки суръат бахшидани корҳо баҳри оғози сохтмони 3 нерӯгоҳи миёнаиқтидори обӣ, истихроҷу коркарди газу нафт ва уран бояд аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ барои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар бошанд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520