Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаи ҷумҳуриявии 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

09.05.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Дар боғи Ғалабаи пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ ба ифтихори солгарди 64 - уми ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор гардид.

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаи ҷумҳуриявии 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба боғи Ғалабаи пойтахт ташриф овард.

Ба муносибати ин санаи фархунда дар ин ҷо шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарияти давлату ҳукумат, корпуси дипломатӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт ҷамъ омада, ҷузъу томҳои низомии қушӯнҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ба таври идона саф ороста буданд.

Баъди маросими истиқболу пазироӣ митинги тантанавии бахшида ба рӯзи Ғалаба кушода эълон гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо солгарди 64-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфт ва ба кулли онҳое, ки баҳри таъмини ғалабаи бузург дар майдонҳои муҳориба ва ҳам дар ақибгоҳ заҳмату фидокориҳои беназир нишон додаанд, арзи сипос намуд.

Сипас барои арҷгузорӣ ба хотираи қаҳрамонону фидоиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими гулчанбаргузорӣ дар назди гулхани ҷовидонӣ оғоз гашт.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро пос дошт.

Гулчанбарҳо ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони ҷангу меҳнат, аз номи сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ҷавонони мамлакат, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва сафорату пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон гузошта шуданд.

Хотираи неки қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамчунин аз наздик сӯҳбат намуда, аз аҳволи рӯзгорашон пурсон шуд.

Собиқадорони ҷангу меҳнат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназир ва сиёсати бунёдкоронаву созандагиаш изҳори миннатдорӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520