Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати 13-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.11.2007 19:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори сездаҳумин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар таърихи давлатдории навини мо яке аз санаҳои муҳим мебошад, табрик мегӯям.

Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст.

Воқеан, Истиқлолият ва Конститутсия мафҳумҳои тавъам буда, якдигарро комил месозанд, зеро давлати соҳибихтиёр бе конститутсия вуҷуд дошта наметавонад ва дар навбати худ конститутсия ҳамчун санади олӣ ё қонуни асосӣ истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда, муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаро инъикос ва таъйин менамояд.

Дар робита ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки Конститутсияи соли 1994 қабулшуда барои ташкили низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ имконият фароҳам оварда, заминаи устувори рушди давлат, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷамъиятиву сиёсии мамлакат гардид.

Зеро он дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихи сарзамини мо аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо иродаи кулли мардуми тоҷик қабул гардида, пеш аз ҳама дар ҳифзи истиқлолият ва муайян намудани пояҳо ва аркони давлату давлатдории навини тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид.

Ба ибораи дигар, Конститутсия барои аз байн бурдани хавфе, ки ба истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва гузашта аз ин, ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳи сулҳу суботи боэътимодро барои мардуми Тоҷикистон боз намуд. Аз ин рӯ, қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати соҳибтамаддуни мо мебошад.

Ва тавре ки мебинем, маҳз тавассути ин санади тақдирсоз ва раҳнамо халқи мо тавонист ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти худ барояд.

Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст.

Чунончи аз эъломияи Куруши Кабир - аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст.

Маълум аст, ки асоси ҳар як конститутсияро андешаи миллӣ ва майлу иродаи мардум доир ба сохти давлатдорӣ ва моҳияти ҳокимият ташкил медиҳад, ки ин ҳама аз сарчашмаи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат маншаъ мегирад.

Ин озодии интихоб ва раъйи ягонаи мардуми кишварамон имрӯз ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ асоси мустаҳкам гузоштааст.

Ҳадафи асосиву ниҳоии ин давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароит барои гуногунандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.

Дар айни замон, ин амр баёнгари моҳият ва мазмуни демократии Конститутсия ва мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, аз ҳар як шаҳрванди мамлакате, ки чунин Конститутсия дорад, тақозо мегардад, ки онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром карда, муқаррароти онро бечунучаро риоя намояд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Тавре ки маълум аст, баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии ба ин шароит ҷавобгӯ надошт.

Аз ин лиҳоз, консепсияи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар Конститутсия зикр шудааст, барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҳамчун қаринаи аз ҳама мувофиқи давраи гузариш ба низоми демократӣ ба ҳисоб мерафт.

Ин консепсия барои бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ҷараёни фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди ҳам давлат ва ҳам инсон ба сифати андешаи асосӣ хизмат кардааст.

Ин андеша дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ асоси фаҳмиши муосири ҳуқуқи инсон ва давлати ҳуқуқбунёдро ташкил медиҳад.

Дар Конститутсияи мо беҳуда таъкид нашудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд, онҳо мақсад ва мазмуни татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва тавассути ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз шохаҳои сегона ва алоҳидаи ҳокимият таъмин карда мешаванд.

Ин арзиши олӣ меъёри муайянкунандаи фаъолияти давлат ва тамоми сохторҳои он, инчунин ҳамаи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои татбиқи ҳадафи асосии ҷомеа, яъне риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шудааст.

То имрӯз дар кишварамон дар ин самт корҳои зиёде сурат гирифтаанд. Илова бар ин, дар Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба сохторҳо ва мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки бо мақсади тақвияти робита ва ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар хусуси таъсис додани институти миллии ваколатдори ҳуқуқи инсон тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешанд.

Соли ҷорӣ ба як қатор қонунҳои амалкунандаи мамлакат мутобиқи талаботи ҳаёт ва пешрафти замона тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд ва доир ба ислоҳоти низоми судиву ҳуқуқии кишвар барномаи алоҳида қабул гардида, кодексҳои мурофиавии гражданӣ ва мурофиавии судии иқтисодӣ дар таҳрири нав ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуданд, ки ин иқдомот, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат хоҳанд кард.

Дар баробари ин, ҳар як сокини мамлакат ҳамеша бояд дар хотир дошта бошад, ки эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи ҷониву виҷдонӣ ва амали ҳаррӯзаи ӯст.

Зеро мо танҳо дар сурати иҷрои тамоми талабот ва риояи меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои давлати соҳибистиқлоламон ба ҳадафи асосии эълонкардаи худ, яъне эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ноил шуда метавонем.

Дар тӯли тамоми давраи соҳибистиқлолӣ ва бахусус баъди қабули Конститутсияи нав, ки имрӯз аз он сана сездаҳ сол сипарӣ мешавад, мо дар асоси ин санади тақдирсоз тамоми рукнҳои давлати навини тоҷиконро дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият дода, пояҳои истиқлолияти воқеии кишварро пайваста мустаҳкам менамоем ва ҳамеша кӯшиш дорем, ки барои зиндагии шоистаи мардуми худ шароит ва имконияти бештар муҳайё созем.

Ҳоло мо дар марҳалаи рушди сифатан нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва созандагиву бунёдкорӣ қарор дорем. Умедворам, ки бо дастгирӣ ва саъю талоши мардуми заҳматпеша ва бонангу номуси Тоҷикистони азизамон иҷрои вазифаҳоеро, ки дар назди худ гузоштаем, таъмин карда метавонем.

Барои ин, ҳоло аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст талаб карда мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созад.

Бо ҳамин нияти нек бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки номаи сарнавишти давлату давлатдории навини халқи мо мебошад, табрик гуфта, ба ҳар кадоматон хушбахтиву саодат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520